Хуросон аст ин ҷо

Матбуоти тоҷикӣ аз аввали пайдоишаш ба майдони талошу пархоши фарҳангӣ табдил ёфт ва мавзўъи асосии ин пархош забон буд. Ин муборизаро давлат дастгирӣ мекард. Баъзе зиёъиёни сиёсӣ низ ба ин мубориза ширкат доштаанд. Абдулқодир Муҳиддинов мақолаи пурмазмуне бо сарлавҳаи «Фикрҳои мо дар бораи забони тоҷикӣ» ба чоп дод, ки яке аз муҳимтарин навиштаҳои нимаи дувуми даҳаи бистум дар бораи забони тоҷикист.
Тавон гуфт аз нимаи солҳои бисти қарни бист, аз аввали таъсиси Тоҷикистон то аввалҳои даҳаи сивум масъалаи забон дар маркази диққати ҳукумати Тоҷикистон қарор дошт ва тасмимҳои он бештар солим ва муҳим буд.
Ин аст, ки масъалаи забон, фарҳанг, маънавият бештар аз ҳазор сол боз, ба вежа дар муҳимтарин давраҳои сарнавиштсоз ҷузъи асосии масъалаи растагории миллӣ ва таъмини пояндагии ҳастии таърихии халқи тоҷик буд. Ва чи якумин давлати миллии мо давлати Сомониён, чи мухторияти сиёсии соли 1924 масъалаи забон, фарҳанг, маънавиятро ҳувиятсозу миллатсоз дониста, таъмини бақои умри миллатро вобаста ба он баррасӣ кардаанд.
Албатта, иқтисод, истеҳсолу истеъмол низ дар сарнавишти миллат аҳамияти калон дорад, вале ба ҳар ҳол, инҳо ба ҳастии ҷисмонии миллат дахл дорад, аммо чун хавфе ба сари миллат меояд, чун на ба ҳастии ҷисмонии миллат, балки ба ҳастии маънавии ў қасд мекунанд, дигар масъалаи забон, фарҳанг, маънавият ба сафи якум мегузарад. Имрўз ҳам дар оғози садаи бисту як низ гўё ҳеч қуввае ба ҳастии ҷисмонии тоҷикон қасд накардааст ва касе маҳви ҷисмонии миллати моро мақсад қарор надодааст. Имрўз ба сари мо аз ҳар сў таҳоҷуми фарҳангӣ меояд. Чунин раванди ҷаҳонгароӣ ба ҳастии маънавии миллати тоҷик, ба забон ва фарҳанг, ба ҳувияти миллии он таҳдид мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо