Хуросон аст ин ҷо

Омўзгорони гузаштаи мо дониш омўхтанро аз гардани мактаб тамоман соқит карда, асосан ба зиммаи мадраса гузошта буданд.
Онҳо дар донишомўзии мадраса низ андаке ба баъзе илмҳои табиъӣ, аз ҷумла тиб ҷойгоҳе ҷудо карда ба илмҳои инсонӣ бартарӣ додаанд ва ин ҳолат гувоҳи он аст, ки тамоми системи маорифи мо асосан таҳсили маънавиятро ҳадаф қарор дода буд.
Агар ин хулосаи мо дуруст бошад, чунин маънӣ дорад, ки системи мактабу маорифи мо дар асрҳои гузашта системи маънавӣ буд ва поя бар ин қазия дошт, ки мегуфтанд: Олим шудан чи осон, одам шудан чи душвор! Яъне гузаштагони мо ақида доштанд, ки чун одам шудан душвортар аз олим шудан будааст, ҳама қувваро барои он сарф кардан лозим аст, ки мактаби ибтидоиву олӣ барои одам шудани шахс замина фароҳам орад, пеш аз ҳама бунёди инсониву маънавии омўзишу парвариш устувор бошад, то бештар маънавияту инсоният, сифатҳои неки одамӣ ва ахлоқу одоб омўзад, ки шахс инсони ҳақиқӣ ва бофарҳанг бошад. Он гоҳ ҳар кас олим шудан хоҳад ё пешаи дигар ихтиёр кунад, бештар имкон хоҳад дошт, ки ба мақсад бирасад. Аз ин ҷост, ки гузаштагони мо дар мактаби ибтидоиву олӣ ба таълиму тадриси илмҳои табиъӣ ва дақиқ камтар ҷой ҷудо кардаанд. Пиндори онҳо ин будааст, ки ба иҷрои вазифаи душвор - ба фароҳам овардани таҳкурсии маънавияту одамият бояд кўшид, аммо илм омўхтану олим шудан, ки осонтар аст, ба ихтиёри ҳар шахс бояд вогузор шавад.
Ин системи маънавии мактабу маориф дар гузашта нақши муҳимме ба забон гузоштааст.
Маънавияти баланд, ки ба бисёре аз гўшаҳои ҷомеа густариш ёфта ва дар ҳаёти инсон аксаран аҳамияти бунёнӣ пайдо кардааст, забонро низ ба дараҷае мерасонад, ки посухгўи хостаҳои ин ҳаёти маънавӣ бошад. Маънавияти баланд дараҷаи баланди инкишофи забонро хоҳон аст ва таъмин мекунад. Забон аз маънавияти баланд имконоте ба даст меорад, ки мафҳумҳои муҷарради маънавӣ, маъниҳои муҷарради илмию фарҳангиро дақиқан ифода созад, тобиши нозуки фикри инсон ва тапиши ноаёни дили ўро падид оварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё