Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Устод Шакурӣ, ки марди поксиришт ва накусияр, яке аз ҷонфидоёни арсаи тамаддуну фарҳанги тоҷик, ки бо чашми худ сўхтанҳои китобҳо, ба фалак дуд кашидани сўхтори китобҳо (яъне дуди оҳи миллати тоҷик!), ба тороҷ рафтани китобхонаҳои Бухоро, минҷумла китобхонаи қиблагоҳаш Шарифҷон-махдуми Садри Зиёро, ки Аллома Садриддини Айнӣ дар он ҷо «гарди меҳмонхона»
хурдааст, дар тўли ҳафтод соли умр ва панҷоҳ соли қаламкашиву аламкашиаш аз болову поён ҳарфи таҳсинбарангезе кам шунидааст, басо бўқаламунсифатии одамон ва замонро дидааст, ўзбак шудани тоҷикони Бухороро бо чашми сар дидааст, хор шудани ҳар ҳиҷо, ҳар калима, ҳар вожаи забони точикиро эҳсос карда ва дар китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» ба қадри донишу ҳиммат барои софкории забон ва саранависӣ қалам судааст; марде, ки ман пай мебарам, дандон рўи ҷигар гузошта, дуди чароғ хурда, ҳангоми иншои китоби ҳозир сари ҳар ҷумла, ҳар таъбир, ҳар фиқра, ҳар нукта дар худ сўхтааст ва боз паи идомаи ҷумлаи дигар, ангораву андешаи дигар мисли мурғи самандар аз хокистар эҳё шуда ба фазои матлабу мақсади баландтаре боли парвоз кушудааст, марде, ки аз рўз бурида ба шаб дўхтааст ва шабҳои худро аз домани андешаҳои миллатпарварона ва фарҳангдўстонаи худ тўлонитар ва паҳнотар кардааст, марде, ки гуфтӣ аз домони модар барои сўхтан, танҳо барои сўхтан баҳри халқ, Ватан, сухан, маънавият, ҳувият, рўҳоният, яъне тамомият ва яклахтиву якпорчагии миллати худбохтаву худнашнохтаи худ зода шудааст, марде, ки имрўз дар муҳити беҳангию берангии фарҳанги мо мисли сахрае побарҷо истодааст; марде, ки дар кўчаҳои чиркину бефайзи Душанбеи имрўз пиёда, сари хам, аммо бо кифи пурбор, бо андешаву виқори баланд ба кор мераваду ба хона меояд ва дар дил мегўяд «ман ҳам худое дорам!»; марде, ки мебинад дар кўчаҳо гадоёни нон ба сўяш даст дароз мекунанд, аммо муфлисони маънавӣ аз ў чизе дархост надоранд ва ҳатто намедонанд, ки мискинони маънавиянд; марде, ки боз ҳам бо камоли миллатбоварӣ ба мардонагӣ, шоистагӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва сар ба осмон афрохтанҳои миллати худ эътимод дорад, боз ҳам ба фардои иттисоли миллатҳои ҳамреша ва забони сепораи худ имон дорад, пас аз панду андарзҳои ҷаҳоншумули Рўдакиву Фирдавсиву Мавлавиву Саъдиву Ҳофизу Аҳмади Дониш ва...

пешина
аз 351
навбатӣ