Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Асолати дарӣ дар форсии тоҷикии имрўз бештар он гоҳ эҳсос
мешавад, ки худро дар миёни мардуми одӣ мебинем, дар байни
онҳое мебинем, ки аз доираҳои расмӣ нестанд, дар деҳот аз таъсири
мактаб, радиову телевизион ва нашрияҳо камтар баҳра
бардоштаанд. Аммо мактаб аз синфҳои ибтидоӣ як навъ забони
маснўъӣ-сунъиву сохтаро ёд медиҳад, зеро аксари китобҳои дарсии
он (ғайр аз ду-се китоб, яъне ба ҷуз китоби забону адабиёти тоҷикӣ)
ҳама аз русӣ тарҷума шудаанд. Тарҷума, ҳатто беҳтарин тарҷума
ҳам аз асолат дур ва то андозае чизи сунъист. Хусусан тарҷумаи
беҳунарона ва ҳарф ба ҳарф, ки дар китобҳои дарсӣ ва кўмакдарсӣ
бештар мебинем, шахсро аз кўдакӣ забони вайрон меомўзад ва гўё
бо шири модар ба хун даромада, табиъияти забони модариро аз
зеҳнҳо берун мебарад. Нуфузи харобкори забони бегона забони
форсии тоҷикиро аз ҳар сў фаро гирифта, аз анвоъи матбуоту
нашриёт, аз радиову телевизион ва ғайра амал карда, мардуми
тоҷикро ба дарди тарҷумазадагӣ гирифтор овард ва табъи салими
ўро бар бод дод. Мо аксаран дигар ба тоҷикӣ фикр карда
наметавонем, фикрамон қолиби ғайр дорад. Мо одат кардаем, ки
ҳама қонунҳои давлат ва қарору фармонҳои ҳукумат ба русӣ
навишта шуда, баъд бо тарҷумаи пурнуқсоне ба дасти мо мерасад,
дар вазоратҳо ва дигар идорахонаҳо, корхонаву муассисаҳои
гуногун ҳама гуфтугузори ихтисосӣ ба русӣ сурат мегирад ва
санадҳои идорӣ ба русӣ содир мешавад. Коргузории идорӣ ба русӣ
осонтар аст, зеро қолабҳои сухан ба русӣ тайёр аст, онро тўтивор аз
бар карда бидуни душворӣ такрор менамоем. Аз ин сабаб дар
маҷлисҳо ба русӣ сухан кардан, дар мағоза ба русӣ муомила
намудан осонтар аст. Дар мактаби олӣ ба русӣ дарс гуфтан ба маротиб осонтар аз дарсгўии тоҷикист.

пешина
аз 351
навбатӣ