Хуросон аст ин ҷо

Миллат бояд худро наҷот бидиҳад. Наҷоти миллат дар дасти худи ўст. Чунон ки тоҷикон дар тўли таърих чандин бор тавонистанд худро аз чанголи аҷал бирабоянд, ҳатто ба баъзе халқҳои дигар умри дубора – умри маънавӣ бибахшанд, имрўз бояд худро бираҳонанд, аз даргоҳи таърих барои худ умри дубора биситонанд.
Бақои умри халқи тоҷик ва аҷдоди ў ҳамеша аз маънавияти олӣ буд. Пояҳои пурзўри фарҳанги маънавӣ бинои ҳастии миллатро устувор медошт. Имрўз ҳам умед танҳо аз устувор кардани пояҳои фарҳанги маънавист.
Ба ҳам бастани риштаҳои пайванди наслҳо, ки аз ҳам гусастааст, барқарор овардани пайвастагии чандасраи маънавию фарҳангӣ ва забонӣ, ки сахт осеб дидааст, аз шартҳои асосии умри дубора ёфтани миллатест, ки ба рукуду таназзул дучор омадааст.
Роҳи сўи оянда аз бозгашт ба асли худ оғоз меёбад. Бозгашт ба оғозгоҳҳои маънавии худ барои дидани роҳи фардо ба чашм биноӣ мебахшад. Сероб шудан аз саргаҳу сарчашмаҳои фарҳанги миллӣ дар ин роҳи душвор ба тан мадор медиҳад. Ёди таърихӣ, ҳофизаи устувори фарҳангӣ, мазҳабӣ, фалсафӣ, ҳар сари чанд гоҳ нав кардани мазмуну мўҳтавои ҳофизаи маънавӣ, пайваста кўшидан дар роҳи такмили он қодир аст як ҷаҳонбинии тозаи замонӣ ба миён оварад.
Агар миллат аз оянда умед дорад, бояд ба худогоҳӣ бирасад.
Дар замони мо, ки халқҳои гуногун ва кишварҳои дур ба ҳам наздик шудаанд ва бо ҳам зист доранд, худшиносии таърихии фарҳангӣ ва худогоҳии комил имкон медиҳад, ки ҳар миллат дар миёни миллатҳои дигар мавқеъи худро муайян бикунад, то ки ҷойгоҳе басазо, дошта бошад. Агар зиндагии одамвор зарур аст, бояд худҷўиву худрасӣ лаҳзае қатъ нагардад, худогоҳӣ доимо такмил ёбад, то ки шахс ва ҷомеа неку бади худро донад ва ба ислоҳи кори худ пардозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё