Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ин сурат онро давлати миллӣ мегўем.
Азбаски ҷанбаи маънавӣ асли ҳастии шахс ва миллатро муайян месозад, камоли давлати миллӣ он гоҳ муяссар хоҳад шуд, ки моҳияти маънавии ҳастии миллатро ба пуррагӣ падид меоварад.
Танҳо аз роҳи хиради ҷовидон, аз роҳи одамияту маънавият ба сарманзили адлу инсоф метавон расид. Меъёри асосӣ дар давлатдорӣ одамияту маънавият аст ва дар арзёбии омилҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз ҳамин ҷо иёри маҳак гирифта мешавад.
Омўзаҳои таърихшиносони муосир ва назарияпардозон барои дарки амиқи қонунмандиҳои такомули таърих замина фароҳам овардааст ва хулосаҳои онҳо басо ибратомўз аст.
Ҳоло ки мо тоҷикон ҷомеаи нав бояд бисозем, зарур аст, ки амали мо асоси илмӣ дошта ва комилан огоҳона бошад. То ин гоҳ ки аз рўи гуфти дигарон ва кўр-кўрона амал мекардем, имрўз ҳастии мо зери хавф аст. Акнун амали мустақилона ва огоҳона лозим аст, ки ба як консипсиюни илмӣ такя дошта бошад. Умед аст, ки донишмандони тоҷик бо назардошти дастовардҳои илмию амалии замони мо чунин консипсиюне ба миён хоҳанд гузошт.
Ба гумони мо мағзи консипсиюни илмии ҷомеаи тоҷиконро бояд рушди маънавӣ ташкил бикунад. Ба мо консипсиюни рушди маънавӣ лозим аст. Зарур аст, ки бо назардошти амали баробари омилҳои иҷтимоъии асосӣ пояҳои маънавии ҳастиро устувор кунем, ки бидуни маънавият ҳастӣ нест ва чунонки ҳамеша буд, минбаъд ҳам маҳз маънавияти олӣ пояндагии умри тоҷиконро таъмин хоҳад кард.
Бозофаринии заминаи табиъии маънавӣ имкон медиҳад, ки ягонагии сохтори фарҳанги миллӣ ба даст ояд. Фарҳанг дар ҳамбастагии ҳамаи ҷиҳатҳои рушди умумӣ ва ангезаҳои он мавқеъи марказӣ дошта, барои таъйини муҳимтарин ҳадафҳову самтҳои инкишоф нақши асосӣ ба ўҳда мегирад. Худвежагии фарҳангӣ
умдатарин муҳаррики рушду такомул аст, зеро ҷавҳари таҷрибаи таърихии миллатро дар худ гирд овардааст.

пешина
аз 351
навбатӣ