Хуросон аст ин ҷо

Саргаҳу сарчашмаҳои маънавияти олии моро аввало аз саҳифаҳои осори Рўдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлавию Ҷомӣ, Сайидову Аҳмади Дониш ва дигар бузургони адабу илм ва ирфону тасаввуф бояд ҷуст. Инсонгароии омўзишу парвариш моро ба онҳо мепайвандад ва ба инсоният мерасонад. Осори онҳо ганҷинаи забони точикии форсии асил низ ҳаст. Он ҳам ганҷинаи маънавист, ки дурдонаҳои маънавӣ ва забондонии маънавибунёд бисёр ба даст метавон овард. Забономўзиро аз ин ҷо шурўъ намоем, дар омўхтани забони халқ бештар комёбӣ хоҳем дошт, зеро устодони бузурги адаб барои мо имконе фароҳам меоранд, ки аз гуфтушуниди мардум, аз забони деҳот ва кўчаву бозор сараву сақатро аз ҳам тафовут бидиҳем. Онхо ба мо меъёри сухан хоҳанд дод. Бо ин меъёр забономўзӣ аз халқҳои дигар низ низоме пайдо карда, халос шудан аз балои тарҷумазадагӣ нисбатан ба осонӣ муяссар хоҳад шуд.
Инсонгароӣ дар омўзишу парвариш набояд, ки танҳо ба гузаштаи худи мо, балки ба имрўзу дирўзи дигар халқҳо низ такя дошта бошад, дастовардҳои фарҳанги маънавии халқҳои бузурги дунёро хулосатан ва моҳиятан ба дастраси ҷавонони тоҷик гузорад.
Масъалаи инсонӣ шудани таълим ва маънавӣ шудани ҷомеа масъалаи бузургест ва паҳлуҳои гуногуни онро омўхтан, озмудану санҷидан зарур аст. Бидуни шак мактабшиносони кишварҳои гуногун, хусусан Ҷопун, Амрико ва Фаронса, инчунин ЮНЕСКО ба мо дасти кўмак дароз хоҳанд кард. Таълими инсонгароӣ дар Тоҷикистон бештар аз он кишварҳо зарурат дорад ва паҳлуҳои хосеро ҳам дорост, ки бояд ба назари эътибор гирифта шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё