Хуросон аст ин ҷо

Кўшиши амалӣ кардани баъзе рукнҳои назарияи илмулмадинаи Форобӣ дар давлати хориҷия, хуррамия, исмоилия ва ғайра низ бенатиҷа набуд. Низомулмулк дар садаи 11 ва Алишери Навоӣ дар садаи 15 давлати маънавиасос ба вуҷуд овардан хостанд ва ба таҷрибаи Сомониён, ба таълимоти Форобӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ ва дигар мутафаккирон, ба бозҷустҳои назарию амалии худ такя намуданд, вале кўшиши онҳо кам натиҷа дод. Пас аз аҳди Сомониён агарчи дар тўли ҳазор сол асоси маънавии ҷомеа устувор буд, ба мардуми Хуросону Мовароуннаҳр дигар муяссар нашуд, ки давлате бо пояҳои маънавӣ бунёд оваранд.
Бештари давлатҳое, ки дар ин сарзамин рўи кор омадаанд, моҳиятан бегонаасос буданд ва зотан ба хусусиятҳои маънавии ҷомеа созгорӣ надоштанд.
Он навъи давлатдорӣ, ки дар замони шўравӣ аз соли 1924 таъсис шуд, пас аз чандин сада як қисми тоҷиконро ба истиқлоли сиёсии нисбӣ расонид, боиси комёбиҳои фарҳангиву илмӣ, пешрафти иҷтимоъӣ (бештар пешрафти зоҳирӣ) ва ободӣ гардид, чанд гоҳе - ба хусус дар даҳаи шасту ҳафтод андак осудаҳолии моддӣ овард ва ҳоказо, вале низ аз анъанаҳои миллии кишвардорӣ дур ва аз асоси маънавӣ маҳрум буда, натавонист ба миллат озодиву соҳибихтиёрӣ биёварад, шароити рушди ҳакиқии фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ омода бисозад.
Ин аст, ки пай афкандани бинои бузурги давлати миллии тоҷикон, фароҳам овардани шароити ҳатмии тараққии маънавӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъиву сиёсии онҳо вазифаи таърихии имрўз аст, ки барои иҷрои он алъон бояд остин барзанем. Давлати тозабунёди тоҷикон он гоҳ мутобиқи зеҳнияти миллӣ хоҳад буд, ки анъанаҳои устувори кишвардории миллиро, ки қариб се ҳазор сол таърих дорад, бо дастовардҳои давлатдории демократии асри нав созгор оварад. Тоҷикон ва аҷдоди онҳо дар ташкили ҷомеа, дар пайгузории навъҳои гуногуни кишвардорӣ, дар хаёлпарастиҳои сиёсӣ ва ба вуҷуд овардани муделҳои ормонии давлат таҷрибаи фаровон доранд ва лозим аст, ки ин таҷрибаи таърихӣ имрўз чун омили фаъоле ба кор гирифта шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё