Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя

РАНҶИ РАСМИ ИНСОНШИНОСӢ

Ҳар вуҷуди ҳушманд аз рўзе ки ақлаш даромада, ба фаҳми баду нек, сиёҳу сафед ва ҳарому ҳалол мерасад, дар ҷараёни зиндагӣ хоҳ-нохоҳ хулқу хислати атрофиёнро меомўзад. Ва мувофиқи зеҳну заковати худ тадриҷан ба нуҳуфтаҳои дунёи ботини умуман одамизод низ ошно мешавад. Зеро ҳам барору нобарорӣ, ҳам ғаму шодӣ ва ҳам зафару мағлубияти инсонҳо дар дори фано ба табиати якдигар сахт вобастаанд, чун дар занҷире ҳалқа ба ҳалқа пайванданд. Одамро шинохтан, дилу нияти ўро кашф намудан басо мушкил ва дар айни замон ниҳоят муҳим аст. Аммо на ҳар кас аз ўҳдаи ин кор мебарояд. Зеро омўхтани тинати инсон – офаридаи бағоят мураккаби худованд – ақли гиро, сирати пок, пиндори хуш, чашми яқин ва ҷаҳонбинии фарох мехоҳад.
Азбаски одамон ба ҳар ранганд ва шуури онҳо низ дар як сатҳ нест, ин амри сангинро ба дўши аҳли адаб ва санъат гузоштаанд. Аз замонҳои қадим шоирону нависандагон, ҳунарпешагон, рассомону оҳангсозон олами қалб ва рўҳи инсонро мавриди таҳқиқ қарор дода, давра ба давра асарҳои ҷовидонӣ офаридаанд, ки аз насл ба насл гузашта, бани башарро дар ҷодаи шинохти одамият раҳнамун мешаванд. Пас аз қаробат ба шоҳкорҳои мардони бузург, яъне ба тааммул хондану дидан, шунида мутаассир гардидан... ҳар нафаре ки ҳассос аст, дар бораи муносибати худ ба табиату ҷамъият ба андеша меравад. Шебу фарози зиндагиро аз нав дарк карда, ба бисёр чизҳое ки қаблан эътибор намедод, таваҷҷўҳ зоҳир менамояд. Аз ин рў аҳли эҷодро инсони фавқулодда дониста, заҳматашро ниҳоят гарон маънидод мекунанд, ки ҳақ асту рост. Ба хусус шахси суханварро муҳандиси рўҳи одамизод меноманд. Зеро вай муттасил ба мураккабиҳои ҳаёти башар сари кор дорад.
Антон Чехов гузаргоҳи қаламкашро пур аз хор ташбеҳ дода буд. Адиби маъруфи мо Саттор Турсун аз радифи он нависандагони дардошност, ки камобеш чил сол боз дар ин роҳи мушкил ба як тамкину виқори дар худ хос мардона ранҷ мебарад. Воқиан, ў аз қаламронӣ чун манбаи даромад ё рўзгузаронӣ истифода намекунад, балки рисолати онро аз ҳама боло гузошта, ҳаёти хешро пурра ба ин касби шариф ва меҳнатталаб бахшидааст.

аз 551
навбатӣ