МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Саттор Турсун нависандагиро мисли сарнавиште медонад, ки аз қазо муайян гардида, шахси ба он гирифторро то охири умр дар асорат нигоҳ медорад. Аз ин қайду банд ҷои гурез нест. Солҳои дар ҳаёти ў басо вазнин кам набуданд. Алалхусус баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ, ки муддати мадиде дар диёрамон муқовимати шаҳрвандӣ ба миён омада, адиб аз ҳеҷ куҷо ҳаққи қалам намегирифт. Ягон манбаи даромади мудом ҳам надошт.
Вай он солҳо ба нони қоқ қаноат карду пешаи худро ҳаргиз паст назад. Балки онро дар ҳар ҳолат азизу мўътабар дониста, аз дунболи шуғли дигар, воситаи пулёбии дигар нарафт. Мисли баъзе ҳамқаламонаш, ки аз номи ҳар гуна ашхоси доро ва шўҳратпараст китобҳои хому хатала навишта, дастранҷи ҳангуфт меситонданд, мардикорӣ ҳам накард. Чунин нафаронро дар ҷанбаи адабиёт ғуломи луқмаи ҳаром шумурда, ба лабханд мегуфт: дар ин касби муқаддас аз эшон бўи умед нест...
Нахустин чизе ки аз навиштаҳои Саттор Турсун хондаам, ҳикояи «Соҳиби кулоҳ» буда, баъдтар «Шабе дар роҳ» ном гирифт. (Аз як мусоҳибаи адиб фаҳмидам, ки вай дар эҷодиёташ аввалин иншо будааст.) Мани дар он айём ҳамагӣ даҳ-дувоздаҳсола аз боби ҳунари нависандагӣ тасаввуроте надоштам. Тазодҳои зиндагӣ низ бароям ноошно буданд. Вале ҳангоми мутолиаи «Соҳиби кулоҳ», ин ҳикояи ҳаҷман хурд, макону манзараҳои аз овони кўдакӣ ба ман шинос, ки адиби ҷавони ҳанўз донишҷў ба номи аслашон оварда, дилнишин тасвир мекард, ва симои одамоне ки дар тўю маъракаҳо ё кўчаву паскўчаҳои деҳа қариб ҳар рўз медидам, дар пеши назарам баръало зинда мешуданд. Аз ҷараёни воқиа ба ваҷд омада, аз он ки нависанда раиси шикамбандаро мазаммат намуда, шабонгаҳ аз мошин фуроварда, дар дашти махуф танҳо мегузорад, хурсандӣ мекардам. Инчунин бисёр хуш меомад, ки баъзе ҳамдиёрони мағруру беинсофи ман ба қалами буррои нависанда шарманда шудаанд. Он вақт дар хаёли банда Саттор Турсун як ҳайкали ҳақиқат ва адолатро мемонд, ки дар миёни деҳаи мо қад афрохтааст.
Баъдҳо, дар баробари ба воя расида, асарҳои гуногуни ўро мутолиа намудан, дигар он муҷассамаро дар зодгоҳам намедидам.
Зеро акнун дар тасаввури ман ин адиби ҳақталош аз барои шикасти қувваи бадӣ на танҳо ба сокинони деҳаи мо, балки ба кулли олам мадад мекард. Он муҷассамаи хаёлии ман акнун марди раҳ буд ва ба ҳар куҷо мерафтам, ўро ҳатман медидам: гоҳо дар ҳарбу зарби вобаста ба инқилоби Октябр – «Се рўзи як баҳор», гоҳо дар набардҳои шадид бар зидди Олмони фашистӣ ва ҳаёти пурмашаққати ақибгоҳ – «Сукути қуллаҳо», «Боздид», «Хоҷамаст»...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё