МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Бале, аз вай имдод металабид. Ва Анвар нархи сабзиву пиёзро напурсида, даъфатан ба сари он бача метохт; нағзакак адаби ўро дода, тавба мекунонд, ки дигар ба Таманно кордор намешавад.
Ҳамин тавр мегузашт кўдакии онҳо!
Аксар бозиҳояшон байту ғазал доштанд.
Духтарчаҳо арғунчак мепариданду суруд мехонданд.
Масалан:
Ҳаво, ҳаводоре,
Барги сафедоре!
Уштури қаторе,
Сандуқи пурборе!
Ҳаво, ҳаводоре,
Барги сафедоре!
Писарбачаҳо пеш аз кушодани ин ё он бозӣ ҳатман шумурак мегуфтанд:
Гунҷишку зоғон
Дар дашту ёбон.
Ту рафта орд без,
Ту шину ту хез!
Ё духтаракону бачаҳои бисёре ба бозии дигар шурўъ намуда, чунин суруд мехонданд:
Бибӣ итоб кунад-э,
Ба мо хитоб кунад-э,
Мўл кофтукоб кунад-э...
Сўзани тилло канӣ?
Тўҳфаи бобо канӣ?
Дар ниҳояти кор лакот гардида, пеш аз хона ба хона рафтан боз шеър мегуфтанд:
Намози шом шуд,
Вақти таом шуд.
Бозӣ тамом шуд, –
Шайтон ғулом шуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё