МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ва баъд аз соате сиёҳмушкинро савор шуда, Қурбонро низ ҳамроҳи худ гирифту ба дигарон:
– То омадани ман ҳушёр бошед, – гуфта, рў ба қароргоҳи Иброҳимбек ниҳод, ки он тақрибан як фарсанг болотар, дар пораи кўҳ воқеъ буд.
Вақте ки Усмон Азиз ба манзили вай расида, пиёда шуд ва лаҷоми аспашро ба дасти Қурбон дода, раҳораҳ ба яктанимта қўрбошиҳои шинос салом-алейк карда, ба хаймаи Иброҳимбек наздик рафт, ду нафар сарбоз, дар камар шамшеру дар даст туфангҳои ёздаҳтира, пеши роҳи ўро баста, ба шиддат пурсиданд:
– Шумо кистед?
– Чӣ? – ба ҷои ҷавоб гардондан дар ҳайрат суол кард Усмон Азиз, ки бе ин ҳам чанд рўз боз аз ҷўши ғазаб ҷонаш дар баданаш нагунҷида мегашт. – Кўр шудед магар? Мешиносед-ку!
– Гапро бисёр накун, – гуфт яке аз онҳо ва дуюмаш идома дод: – Кистӣ?
Усмон Азиз бадтар ҳайрон монда, дар дилаш нафрат...
андешид, ки ба ин сагони одамхўр чӣ шуда бошад. Дўғу даранг баланд, гўё аз осмони ҳафтум. Агар ўро воқиан намешинохтанд, хайр, бало ба пасашон мегуфт. Лекин...
– Чаро ба даҳонат об гирифтӣ? – аз нав суоли яке аз онҳоро шунид Усмон Азиз. – Кистӣ? Чанд бор пурсем?
– Ман? – гуфт вай ба ришханд.
– Бале, ту! – гуфт сарбози дуюм.
– Ман... агар намешиносед, пас шиносед: ман – Усмон Азизи нилуӣ, – ҷавоб дод ў ва ба заҳрханд илова намуд: – Ҳоло қўрбошӣ барин...
– Ана ҳамин тавр, – гуфт сарбози якум қаноатманд ва сар то пои ўро аз назар гузаронда, боз пурсид: – Ба ҷанобашон чӣ кор дорӣ?
– Ҳеҷ кор надорам. Баръакс… ҷанобашон ба ман кор доштаанд, – дар ҳамон оҳанги истеҳзо гуфт Усмон Азиз.
– Хайр, – даст ба мўйлабаш бурд сарбози дуюм. – Акнун каме сабр... – Ва қафо гашта, ба хайма даромаду зуд берун шуда: – Силоҳатро ба ман деҳ, – гуфт.
Усмон Азиз китф барҳам кашида, лаҳзае ба чашмони сабз ва бераҳми сарбоз нигоҳ карда истод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё