МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Эҳтимол... Лекин фикр мекунам афтударафти мо бенатиҷа. Ба оқибати некаш ақлам намерасад… Мардум доно шудаанд. Ба чашми онҳо нигариста, гоҳо баданам ваҷарос мезанад. Мебинам, ки бидуни якта-нимта ҷабрдида дигар ҳама аз мо безоранд.
– Ин хел нагўед, – ба сафедии чашмонаш хун давида, ҷигот андохт Иброҳимбек. – Агар чунин бесаботиро аз даҳони ғайр мешунидам... – Вай як нафас хомўш монда, ғазабашро фурў нишонд ва ба мулоимат гуфт: – Ман шуморо эҳтиром мекунам. Аз он рўзе ки ба мо ҳам ба маблағу ҳам ба амал имдод мерасонам гуфта, камари ҳиммат бастед, ман гумон мебурдам... шумо дар ҳақиқат мусулмони асилед, дар роҳи бақои дини ислому покизагии мулк ҳатто ҷонатонро дареғ намедоред. Аммо имрўз...
– Ман, тақсир...
– Суханамро набуред! Шарм надошта, имрўз нола мекунед, ки ҳама аз ранги рўи мо безоранд. Шумо инро дар куҷо дидед, аз кӣ шунидед? Нағз не, бой!
Усмон Азиз нохост тарсида, сараш хам, вазнин сукут варзид. Вай хавф мебурд, ки мабодо Иброҳимбек, ҷаҳлаш боло гирифта, ўро ба ихтиёри каллабурҳои ҳозиру нозираш супорад, рост ба он дунё меравад. Вай, охир, дар пеши ин гурги сад бор аз боми бало ҷаста, агар бошад, ба қадри як гўсфанд аст. Меқападу медарад. Махсусан дар чунин рўзҳои сахт, ки аз дасти аскарони сурху фидоиён ба танг омада, пайваста дилу ҷигарашро мехўрад.
– Ман намегўям, ки ҳама дуруст, – боз ба гап сар кард Иброҳимбек. – Аҳволамон хуб нест, ҳатто бад, хеле бад. Лекин кори мо... вай бе хунрезӣ, бе талафот ва мешавад, ки бе номуродиҳо ҳеҷ маънӣ надорад. Душман зўр бошад ҳам, мо ҳанўз шикаст нахўрдаем. То реша дар об аст, умеди самар ҳаст гуфтаанд. Пас корамон, иншооллоҳ, барор гирифта, ҳама ба мақсад мерасем. Ба шарте ки муҷоҳидон як ҷону як тан шуда, ба тухми куффор ва кулли пойлучони косалес, ношукру худобехабар бе ҳеҷ раҳму шафқат қирон оранд. Ба шарте ки дар корзор ғами ҷони худро нахўрда, ғами дину оин, ғами мардуми мусулмон ва мулки азизашонро хўранд... Ҳоло ба мо муҳиммаш – одам лозим, аспу улав лозим, тиру туфанг лозим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё