МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Вай фирефта шуд. Вазъият айни муддао – мардум аз ҳукумати шўро безор, ба як тохтан диёрамонро аз панҷаи куффор озод мекунем гуфта, одамони Иброҳимбек ўро талх фиреб доданд. Ҳол он ки Усмон Азиз соли бисту панҷум, вақте ки ҳама ғалла-донаву рама-рама гўсфандашро фурўхта ва аҳли оилаашро ҳамроҳ гирифта, шабошаб рў ба кишвари бегона овард, то ҳадде медонист: ҳукумати коргару деҳқон бақувват аст.
Вай якбора ба чунин хулоса наомада буд. Аввалҳо, ҳатто баъд аз марги фоҷиавии додараш Сулаймон ҳам, фикр мекард, ки ин гирдбоду тўфонҳо муваққатианд, имрўз набошад, фардо мегузаранд. Ҳеҷ мумкин нест, ки мулк ҳамин тавр бесоҳиб монда, дар зери пои куффору чор камбағали беэзор торафт валангор шавад. Не, лашкари ислом ҳам зўрманд аст.
Иброҳимбек низ аз рўи шунидаш марди доно, ҷасур, дар ҷангу ҷидол ба худ ҳамто надорад. Миёни ўро аз ҳафт ҷояш бе шубҳа ҳазрати Алӣ бастааст. Аспаш Дулдулу шамшераш Зулфиқорро мемонад... Бале, умеди мардуми мусулмон, ситораи саъд, парчамбардори дини мубини ислом маҳз ҳамин Иброҳимбек аст. Вай ин душманони гушнапурзўрро ҳатман аз дами теғи дудам гузаронда, мулкро покиза мекунад; амири як дафъа бахташ баргашта боз ба Бухорои шариф расида, пушту паноҳи раият мешавад. Ҳоло фақат сабр мебояд, боз каме сабр...
Ба чунин хаёлҳо худро тасаллӣ медод Усмон Азиз. Ва дандон ба дандон гузошта, сабр мекард.
Вале аз сабр суде набуд. Ҳукумати нав рўз ба рўз қувват мегирифт. Иброҳимбек дар ҷангҳои хурду бузург паиҳам шикаст хўрда, шағолвор аз як ҷой ба ҷои дигар тохта, умрашро дар хонаи зин мегузаронд. На танҳо фақиру фуқаро, балки аз мардуми доро ҳам баъзеҳо дар сафи аскарони сурх дохил шуда, ба сарбозони вай муҳориба мекарданд. Халқ ҳаёти осуда мехост. Ва акнун орому осоиши худро танҳо дар шикасти Иброҳимбек медид.
Ба тадриҷ бошад ҳам, Усмон Азиз инро нағз мефаҳмид.
Мефаҳмиду боз интизорӣ мекашид.
Шири хомхўрда аст одамизод. Вагарна чӣ лозим буд, ки ў пас аз марги додараш Сулаймон низ, дар умқи дилаш санги сард, қариб се сол интизор шавад?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё