Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Соро-хола, ки писарашро мисли ҳозира – ба даъвати ногаҳони касе, ё ба ихтиёри худаш – шабу ними шаб на як бору ду бор аз хона ба роҳҳои дур гусел карда буд:
– Илоҳӣ бахайр бошад, – гуфт ва дар лаби ҷогаҳ амонат нишаст.
Анвар зуд шиму гимнастёрка пўшида, мўзаашро ба пой кашид, тасмаи сербари кўҳнаро аз мех гирифта, чолок ба миён баст; ғилофи вазнини наганро, ки дар тасма овезон буд, ба як савқи табиӣ саҳле қафо бурд. Сипас ба палтои чармин даст ёзонда, ҳамоно муаллими мактаби партиявӣ Шафқат Рамазоновро ба ёд овард. Симои зардинаву чашмони кабуди ў, ки ба Анвар ҷиддӣ ва дар айни замон ба навозиши падарона менигаристанд, дар пеши назари вай лаҳзае зинда гардиданд.
– Шарм надор, гир! Ин рўзҳо мегузаранд, ҳатто фаромўш мешаванд, – мегуфт муаллим, ҳамин палтои астараш гарми оҳараш паридаро ба ў дароз карда.
Анвар он вақт соли аввал мехонд; нимгуруснаву нимбараҳна мегашт. Ҳоло, ана... хаёлаш, ки овози муаллимро баръало шунида, ҳар як хати чеҳраашро равшан мебинад; мебинад, ки ў чӣ тавр наздиктар омада, чӣ тавр палторо худаш оҳиста ба китфи шогирди камбағалаш меандозад. Пас каме ба сукут рафта, мўйсари кўтоҳ қайчизадаи хурмоиашро аз боло ба поин сила карда, мулоим мегўяд:
– Фақат ин ки нағз хон. Зеҳни тез дорӣ ту. Агар ба гапам гўш диҳӣ, ҳатман ба мақсад мерасӣ. – Баъд механдад, чашмони ба ранги осмони беғубор кабуд ва банураш танг мешаванд. – Акнун бишин, – таклиф мекунад ў, – чой менўшем. – Ва кафҳои фарохашро хушҳол ба ҳам совида, пеши миз мераваду ба дари кушодаи ошхона нигариста, баландтар овоз мебарорад: – Хунук хўрдем, Амина, ба мо чои гарм бидеҳ!
Қандчой!
Амина – ҳамсараш. Дар китобхонаи мактаби партиявӣ кор мекунад Амина Рамазонова. Вай низ ба мисли муаллим аз тоторҳои Қазон буда, ба тоҷикӣ озод ҳарф мезанад.
– Мо ин забони шарифро дар Бухоро омўхтаем, – гуфта буд боре муаллим. – Бинед, ки имрўз чӣ хел кор медиҳад.
Ҳазл не, забони Фирдавсӣ аст ин забон!

пешина
аз 551
навбатӣ