Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рафту душман дар ягон ҷо рахна занад, шаҳидоне ки озодиро ба ивази ҷонашон аз чанголи гургони одамсурат рабуда, дар ҳазор умеду орзу ба ихтиёри мо гузоштаанд, дар гўрашон паҳлу намегарданд магар?
Ҳамин тавр, ё тақрибан ҳамин тавр гуфтугў доштанд он бегоҳ модару писар.
Соро-хола инак чароғро хомўш карда, ба ҷогаҳ даромад.
Хона дар оғўши сукунат монда буд. Ва ин сукунати вазнин аз тазйиқи торикӣ боз ҳам вазнинтар мешуд. Соро-хола ба гуп-гупи ноороми дилаш гўш дода, ба чашмони кушода мехобид. Аз берун, аз пушти дару тиреза, шир-шири пасти борон меомад. Вай чунон маҳину беозор буд, ки ба пиндор мехост хаёлҳои мағшуши Соро-холаро аз сар рабуда, ўро ба хоби роҳат барад.
Пиразан бадард оҳ кашид.
– Яккаву ягона писаракамро дар паноҳат нигаҳ дор, парвардигоро!
...Худи ҳамин вақт аспашро дар саҳни ҳавлӣ ба дарахте баста, Анвар ба кабинети котиби райком даромад. Мирзовалӣ Амонов:
– Бубахш, ки туро дар ин ғояти шаб бедор кардем. Дигар илоҷ набуд, – гўён аз ҷой хеста, дасти ўро сахт фишурд.
Анвар дар пеши мизи дароз ба яке аз курсиҳо нишаста, суоломез ба Амонов нигарист. Аммо вай ҳоло хомўш буд; дар китф палто, папирос кашида, ба шишаи даҳуми як тарафаш каме сиёҳшудаи чароғи карасин, ки дар гўшаи чапи мизи худаш меистод, андешаманд чашм медўхт. Сардори милиса низ, дастони сермўяшро ба манаҳаш такя гузошта, сукут меварзид. Анвар ба вай рўбарў менишаст. Дар байни онҳо чароғи дигар месўхт. Бо вуҷуди ин хона чандон равшан набуд. Сард ва дилгиркунанда метофт кабинети котиб дар ин шабонгаҳ.
– Хабарат ҳаст, ки ду-се ҳафта пеш Иброҳимбек... ба каллабурҳояш аз дарё гузашта, дар баъзе маҳалҳо якта-нимта тарафдорашро ҷамъ оварда, ба тохтутоз даромада буд, – гуфт ниҳоят Амонов, ба Анвар нигариставу папиросашро дар хокистардон хомўш карда. – Вале дар ин муддат ў аз дасти аскарони сурху фидоиён чунон ба танг омадааст, ки дарандаи маҷрўҳ барин орому қарорро надониста, худро ба сад кўҳу камар мезанад.

пешина
аз 551
навбатӣ