МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Сабоҳат! – такрор кард Юнус, аз чашмони сурх ва ашкрези занаш чашм наканда. – Агар ба ман як зарра ҳурмат дорӣ, дар пеши ин ғаддор гиря накун! Садқаи оби дидаат шавад ин гурезаи беномус!
– Рост, хоҳарам, – гуфт Анвар низ. – Худатро кам нагир, сарбаланд бош. Мо дар амри ҳақ ҷон медиҳем. Гумон набар, ки умрамон ройгон меравад. Не-е, хоҳарам... халқ ҳаргиз фаромўш намекунад моро! Инҳо чӣ? – Ў дар як заҳрханди кушанда ба Усмон Азиз нигарист ва боз ба Сабоҳату ҳамдеҳагони худ рўй оварда, дар айни тамкин идома дод: – Инҳо...
агар зинда монанд, гави пир барин дар хобашон кунҷора дида, хору зор гаштан мегиранд.
Сабоҳат, ки сахт-сахт нафас мекашид, нўки сарандозашро ба кунҷи чашм бурда, якбора сукут варзид.
Усмон Азиз пештар омада, мисле ки гуфтаҳои Юнус ва Анварро нашунида бошад, ҳатто мижааш хам нахўрда, дар муқобили анбўҳи мардум орому ғурурманд қарор гирифт.
Нигоҳаш вазнин ва лабони саҳл ғафсаш ба қатъият фишурда буданд. Дасташ дар болои ғилофи чўбини маузер, вай якду дақиқа ба одамони дар ҳаяҷону ҳама кўҳнапўш чунин назар дўхта, пас оҳиста пурсид:
– Шумо чӣ мехохед?
Вале онҳо хомўш буданд.
– Чаро ба ин ҷо омадед? – гашта пурсид ў.
Ниҳоят мардум ҷунбида, аз байнашон як ғибир-ғибир бархост. Ва баъд аз пушти ду-се нафар Раҷаб-бобо, муйсафеди синнаш наздик ба навад ва худаш бемор, ки дар дасти ларзонаш асо дошт, дар ҳимои наберааш, бачаи тахмин даҳдувоздаҳсолаи рангпарида, базўр пеш баромад.
– Маро шинохтӣ, Усмон?
– Шинохтам, – гуфт вай бе тоқат.
– Ман на танҳо раҳматӣ падарат, балки бобоятро ҳам нағз медонистам...
– Хайр?
– Ту албатта хабар дорӣ, ки дар зери дасти онҳо чоряккорӣ мекардам.
– Дуруст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо