МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Не-е! – дод зад Анвар. – Не-е... Овез маро, овез! Агар мардӣ, аз қавлат нагард! Маро дар нимароҳ напарто!
– Роҳи ту акнун дароз аст, пуразоб аст...
– Як корро дуруст анҷом додан – ҳунар!
– Иншооллоҳ, рўзе мерасаду худат анҷом медиҳӣ.
Одамон ҳамчунон карахту беҳаракат меистоданд.
Метарсиданд аз тиру туфанг!
Сабоҳат низ ҳоло хомўш буд. Чашмони беифодааш гўё аз косахонаи худ ҷаста, вай ба тани дар ҳалқаи банд овезони шавҳарашу муаллими ҷавон менигарист.
– Куш, куш маро, гург! Номардӣ накун... – аз мағзи ҷигар фарёд мекашид Анвар.
Усмон Азиз ба ҷониби ў беэътино даст афшонда:
– Рав, оташ мон, – гуфт ба Қурбон.
Хизматгораш, ки се аспи зинзадаи нооромро ба миёнаҷои ҳавлӣ оварда – ҷирани Анвар дар паҳлуи охури баланд танҳо истода, шиҳакашон чароғпоя мешуд; мекўшид ресмонашро канда, ба ҷавлон ояд, аммо... – эҳтимол аз бим, ё аз туғёни ҳаяҷон ва асли нодонӣ чун мурғи посўхта ба атроф назари имдод медавонд, қариб тозон ба сўи айвон рафта, аз пеши суфа чобаи пур аз карасинро сари даст гирифту аз дар ба тиреза, аз хона ба хона ва аз бари як сутун то ба сутуни дигар тохта, ниҳоят гўгирд зад.
Аввал фағонаи дуду забонаҳои сурхи оташ намоён шуданд. Пас дар айвон ва шифти он аланга бархост.
– Аз паи ту шумқадам ҳамин мемонад, – гуфт Анвар, ки дастонаш ба пушт дардовар баста буданд, дар азоб аз болои кунда фуромада.
Вале Усмон Азиз ин гапи ўро нашунид: ҳоло вай савори сиёҳмушкини худ буд. Қурбону Ғуломҳусайн низ саросема пой ба рикоби аспҳои беқарор мебурданд. Одамон – дар байни онҳо махсусан Сабоҳат, Раҷаб-бобову Комрон ва боз чанд нафари дигар – аз нав ба ҷунбиш омада:
– Разилон!
– Худо мезанад шуморо...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо