Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Замини калхоз ҳам мўл набуд. Акнун чӣ? Одами бисёр, ҳавлии бисёр, боғи бисёр...
– Бисёр буданаш нағз... Аммо ҳамин дастур давом ёбад, метарсам, ки минбаъд ҳатто ба оби хўрданӣ зор шавем...
– Воҳима кардед, ака, – хандид усто Қамчнн, – худо хоҳад, то ин дараҷа намерасем. Ҳукумат ҳам чора меҷўяд. Об мебарорем гуфта, аз Душанбе даҳ-дувоздаҳ кас асбобу анҷом бардошта омадаанд. Ҳоло дар домани кўҳ хайма зада, замин парма мукунанд. Ё шумо аз ин бехабар?
– Гўшам садо гирифта буд... – Қодир-амак лаҳзае ба сукут рафт. – Хайр, корашон дар барор?
– Ҳафтаи гузашта ман ба як нафари онҳо сўҳбат доштам. Мегўяд, ки аз чанд ҷой хеле парма кардем, аммо натиҷа нест. Аз кўҳистон об баровардан душвор будааст.
– Гапаш ҷон дорад, кўҳистон водӣ набошад, ки кофтан баробар ана ман гуфта, даррав об барояд… Вақтҳое ки мо ҷавон будем, дар бағали кўҳамон эҳа-а... чашма ҳисоб надошт. Ҳоло чӣ? Панҷта ҳам намондагист. Куҷо шуданд онҳо? – Дар таассуф калла ҷунбонда, Қодир-амак ба пеши пояш, ба ҷўи пур аз об нигарист. – Бе зинҳор нобуд кардем, ба дасти худамон нобуд кардем.
– Чӣ хел?
– Ҳамин хел… Арчазорҳои пештара дар хотиратон ҳаст?
Акнун куҷо рафтаанд онҳо? Нестанд, а? Ҳусни ин кўҳҳои баланд чӣ – гум шудааст, а?
– Ҳа-а... арча қариб намонд. Бурида-бурида, шабу рўз кашондем. Ба хонаҳоямон болор кардем, васса кардем, ҳезум карда сўхтем... Ҳатто баъзеҳо як муддат ба чўбҷаллобӣ ном бароварда, аз болои арча давлату ҳашмат ёфтанд.
– Бар падаратон раҳмат, усто! Ҳамин корамон буд, ки дидаву дониста, чашмаҳоро аз байн бурдем. Чунки дар кўҳ арча намонад, чашма ҳатман хушк мешавад.
– Сабаб?
– Намедонед? – даме ҳайрон лаб фурў баст Қодир-амак.
Пас хандид. – Сабаб – решаи арча дар гирдаш об ғун мекунад. Об ки ғун шудан гирифт, хоҳу-нохоҳ аз як ҷо-ним ҷо зада мебарояд. Модоме акнун худи дарахти арча қариб намондааст, чашма аз куҷо ҷорӣ гардад?

пешина
аз 551
навбатӣ