МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Беадабӣ намекунанд?
– Чаро накунанд?! Зеби ҳар маврид…
– Мебофед, а!
– Рост мегўям. Бе ин хислати нозанин ягон маъракаи мо маза надорад.
– Кашталгирӣ набуд?
– Дина боз надидаам. Иншооллоҳ, боз мешудагист.
– Тавба гўед…
– Одат кардаем, ака. Кашокаши мо-мардум масхарабозӣ барин… Мефорад.
– Обе ки ҳаст, то ҳол чор тақсим?
– Набошад чӣ? Нисф зиёдаш имрўз ҳам дар ихтиёри калхоз. Ба ками камаш ана, худамону боз ду деҳа андармон.
– Ношукрӣ нашавад...
– Албатта шукру лекин... азобамон айнан азоби гўри торик... – Саидмўъмин белашро, ки ба он такя оварда меистод, сари китф гирифта, даме хомўш монд. Пас: – Ман акнун равам, устухонам бисёр вазнин, – гуён ба пайроҳае даромад, ки ҷониби боғоту заминҳои обчакории калхоз мебурд.
То зудтар ба хонааш расад, вай яқин мулки ҷамоатро миёнабур карда гузаштан мехост. Усто Қамчин ба қади пасту китфони фарох ва гашти бардами Саидмўъмин зеҳн монда, дар ҳайрат пичирос зад:
– Ганда муғамбир ин мардак!
Ва сабук як хандиду баъде ки ў хеле дур рафт, низ белашро бардошта, рў ба тали Тобазор ниҳод – аз даҳанаву обкандҳо дурусттар хабар гирифта омадан лозим. Рўз пешин мешавад, андаки дигар монд.
Ҳамин андеша дар сар, усто Қамчин оҳиста қадам мепартофт. Лаблаби ҷўйбор қадам мепартофт; ва ба шилдироси об гўш андохта, беихтиёр фикр мекард, ки ба ҳар ҳол вай аз он ҷанги безинҳор зинда баргашт. Аммо падараш... қиблагоҳи содаву дилсафедаш абадӣ дар қаъри Днепр рафт. Кӣ медонад? – шояд ўро мавҷҳои дарё рўи даст гирифта, ба соҳил бароварда бошанд; шояд мардуми савобталаб ҷасади ўро дар ягон манзил ба хок дода бошанд...
Ба ин суоле ки сӣ сол боз дар мағзи вуҷуди вай хона гузошта, гоҳо тану ҷонашро чун дар хумдон месўзад, ҷавоб гуфтан чандон саҳл набуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо