МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
ва гоҳи дигар дар хиёбонҳои шаҳру пайроҳаҳои деҳоти дурдасти кўҳистон – «Хотира», «Падар», «Камони Рустам», «Пайванд», «Аз субҳ то шом», «Мўйсафедон», «Барф ҳам мегузарад»... Ба хушнудӣ медидаму аз қалби ҳассоси нависанда, аз назари неки ў ба оламу одам мехостам ибрат гирам.
Саттор Турсун дар майдони адабиёт ба дили гарму нияти пок дохил гардида, то алҳол ба фармудаи суханвари дўстдоштааш, устоди насри ҷаҳонӣ Эрнест Хемингуэй амал мекунад, ки гуфта буд: «Вазифаи нависанда ифшои ҳақиқат аст. Садоқати ў ба ҳақиқат бояд то андозае баланд бошад, ки агар дар асоси таҷрибаи зиндагӣ воқиа мебофад, пас ҳақиқати ҳаётро аз ҳама гуна баёни рўйдодҳои мавҷуда возеҳтар ба тасвир кашад». Вай аз нахустин ҳикояи худ то раманҳояш ин масъулияти беҳад душвор ва дар айни замон пурифтихорро ба як таҳаммули ибратомўз дар дўш мебарад. Қаҳрамонҳои осорашро барои идроки дурусти паҳлуҳои рангини ҳақиқат дар пайроҳаҳои тангу яккагузари ҳаёт рўбарў карда, саҳнаҳои басо муассир меофарад. Ва агар ин саҳнаҳо зуд-зуд ҳузноваранд, баъзан мисли ҳавлии соҳибтўй пур аз шодиву сурури зиндагӣ низ мебошанд, ки ҳар як хонандаро бешак аз шебу фарози рўзгор ба андеша водор месозанд.
Вақте ки ба дунёи ботини персонажҳои нависанда назар андохта, андак тафаккур мекунем, онро пур аз туғёну баихтилоф меёбем. Зеро дар таълифи Саттор Турсун хайру шар ҳамеша дар набарданд. Ва мешавад, ки ашхоси ба тасвир омада дар аксар мавридҳо аз хом будани худ дар одамшиносӣ ба саҳву хатоҳо раҳ дода, рўҳан азоб мекашанд. Масалан, дар нахустин қиссаи нависанда «Сукути қуллаҳо», ки ба мавзўи ҷанг, меҳнати сангини занону мўйсафедон ва маъюбон дар ақибгоҳ, ҳамчунин ба таҳқиқи решаҳои хиёнат бахшида шудааст. Қаҳрамонҳои асосӣ – Содиқ ва Акбар дар вақташ дўстони ҷонӣ буданд. Яке ҷавони банангу номус, заҳматқарин ва ҳақталош. Дигаре худпараст, бетараф, тарсу... Содиқ, ки пеш аз ҷанг низ раисии калхозро ба ўҳда дошт ва боре кирдори бади Акбарро (ба гуноҳи вай як нафар кишоварз дар дашт ҳалок мешавад) бахшида буд, пас аз ҷароҳат бардоштан ба деҳа омада, дигар ба фронт барнагаштани ўро фаҳмида, мехоҳад хатои худро ислоҳ кунад. Ва оқибат собиқ дўсташро дар байни кўҳу камар таъқиб намуда, ба қатл мерасонад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё