Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин дам аз кўча як ғирев баромад.
– Чӣ гап? – парешон бархост усто Қамчин,
– Ба Хадича-апа об нарасид, – гуфт занаш ба оҳанги таассуф. – Баҳси ҳамон моҷаро будагист.
– Об нарасид? Ба Хадича?!
Вай ҷонсарак рў ба ҷониби дарвоза ниҳод.
– Нарав, писарам, – гуфт модараш. – Ба ҷанҷоли мардум ҳамроҳ нашав.
Вале усто Қамчин, ки сахт ба ҳаяҷон омада, ҳатто дарди пояшро фаромўш мекард, қафо нагашт.
Дар кўча, дар назди ҳавлии Тоҳир, панҷ-шаш нафар сухани якдигарро бурида, ба Холназар, ки аз онҳо дуртар меистод, сурху сафед мешуданд.
Нигоҳи усто Қамчин ҳузури Хадичаро меҷуст.
«Нест вай... Куҷо бошад? Барои чӣ наменамояд?..»
Ҳар ду писари Холназар – Ҳалиму Раҳим низ дар ҳамон ҳалқа буданд.
– Шарм надоштӣ? – мегуфт Қодир-амак, ба Холназар нигариста.
– Худобехабар аст! – мешўрид Тоҳир.
– Чӣ, барои Хадича боғамро об надиҳам буд? – парраи дасташ шоф, баланд меомад Холназар. – Агар ба ин ҳақ надошта бошам, мардона гўй, ки ҳақ надорӣ!
– Магар занона фаҳмондам ба ту?!
– Лўнда намефаҳмонӣ. Сустниҳодӣ…
– Бас, додо, бас, – гуфт қадре беҷуръат Ҳалим.
– Забонатро каш-э, ҷавонмарг! – инак ба тарафи писараш арбада кард Холназар.
Ҳалим дафъатан ҳаросида, худро қафо гирифт.
Холназар пештар рафта, боз ба Тоҳир рўй овард. Довталаб буд дар ваҷоҳат.
– Ку гап зан, ман ба об хўрдан ҳақ дорам ё не?
Дар байни ҳозирон махсусан Тоҳир ва мироб, ки аспаш дар канори кўча истода, ба назар аз ин ғавғо ҳайрон, бетоқат пой мекўфт, ниҳоят қаҳролуд буданд.
– Ҳой, қалтабон! – гуфт Тоҳир, дасташро ба таки манаҳи ў бурда.

пешина
аз 551
навбатӣ