Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Нарас!
– Гардед, охир, хона равем.
– Нарас гуфтам ман ба ту бемағз!
– О гуноҳи худатону боз ин тартиб...
Холназар баногоҳ:
– Нохалаф! Кадом писар падарашро гунаҳкор донистааст, ки ту донӣ?! – гўён кашидаву кушода, ба буни гўши вай як шаппотии обдор фуровард.
Ҳалим бари рўяшро қапида, маҷбур аз ў дур шуд.
– Беандеша! – гуфт ба заҳрханд Қодир-амак.
Дар болои ҳамин гап, ба даст асо, лангон-лангон Акрами муаллим омад. Омаду рост ба чашмони Холназар нигарист ва дона-дона баён намуд:
– Шумо, додар, аз айбу шарм хабар доред ё не? Оби вай занакро-ку бенавбат баста бурдед. Гуфтем, ки хайр, ин коратон чандон гуноҳи вазнин не. Лекин мани сода имрўз сад бор аз шумо илтимос кардам: ангурамон об хўрд – бас, ҳавзамон пур шуд – кифоя; ниҳоят вай ҳам боғашро об диҳад, савоб мегиред…. Шумо чӣ? – на пал-пал юнучқа монд, на ягон дарахт монд, на замини партав монд – ҳамаашро аз даст баровардед. Ҳатто ба лойхонаи холӣ об сар додед. Агар инсоф мекардед, ду ҷўя токи он занак бебаҳра намемонд...
Оқибат ғавғо ҳам намехест.
– Ман аз куҷо медонистам, ки ин оби сабил даррав хушк мешавад!
– Медонистед, додар, нағз медонистед.
– Намедонистам.
– Худо худаш шоҳид…
– Як шоҳиди дигар шумо!
– Мани берўзӣ…
Мироб аспашро савор шуд. Тоҳиру Қодир-амак низ дар тараддуди хона ба хона рафтан буданд. Аммо бародарон гапгузаронӣ мекарданд.
Усто Қамчин ба онҳо дигар эътибор надода, ба ҳавлии Хадича даромад.
...Хадича дастони лоғарашро рўи зонувон гузошта, ғамгин менишаст. Нигоҳи беифодааш ба чанд ҷўя токе ки ҳоло ранги сабзи онҳо тира гардида, ба пиндор «об, об!»

пешина
аз 551
навбатӣ