МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ман саломатиатонро дар назар надорам. Медонам, ки бардамед, бақувватед. Шумо баринҳо ҳаргиз бемор намешаванд.
– Кошкӣ!
– Ман донистанӣ, ки зиндагиатон чӣ гуна. Дар ин солҳо чӣ кор мекардед? Шояд азоб кашидед? Давлататон зиёда мешуд, ё баръакс...
– Напурсед, тақсир; напурсед, ки дилам ғарқоби хун. Дар бисотам ғайр аз ду-се рама бузу гўсфанд дигар чизе намонд.
– Рамаатон ба назарам бисёр буд.
– Як қисмаш ҳаром мурд, аз ланг... Як қисмашро ҳаққи хизматамон гуфта, чўпонҳо гирифтанд. Боз мегиранд... Як қисмашро фурўхтам – рўзгор-дия, тақсирам, рўзгор! Хўрок лозим, пўшок лозим. Ин ҳукумат ҳам ту бадавлат гуфта, ҳар сол нав ба нав андоз мебандад. На гав монд, на асп монд.
Хуллас, ки сарҳисобамон гум: оина будем, мўҳтоҷи хокистар шудем.
– Шумо хеҷ вақт оина набудед.
– Чӣ хел...
– Ҳамин хел!
Ҳалимбой гардани ғафсашро ба гиребони ҷомаи чиркин кашида, дар як ҳолати раҳмовар ба сукут рафт.
– Дигар ин ки, – гуфт ба тамкин Усмон Азиз, – ману шумо чанд сол инҷониб шиносем?
– Ягон... бист-бисту панҷ сол шудагист.
– Рост, ман ҳисоб кардам, ки расо бисту чор сол боз шуморо мешиносам. Агар шаш соли ахирро ба ҳисоб нагирем, дар ин муддат ба хонаи ҳамдигар борҳо меҳмон шуда, аз дастархони якдигар бисёрҳо нону намак хўрдаем.
– Албатта!
– Пас чаро ин дафъа рўихуш надодед?
– Ба кӣ?
Дар лабони Усмон Азиз як табассуми заҳрогин дамида, ҳамоно нопадид гардид.
– Ба кӣ мегўед? Ҳмм... нафаҳмида бошед, ҳоло фаҳмед, бой: ба мо!
– Тақсирам, аз будаш...
– Ман ба буду набуди шумо кор надорам. Ман гуфтаниам, ки ҳатто ба ҳавлиатон даромадан намондед моро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё