МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Китобхона ҳам аз ҳисоб берун намемондагист.
– Албатта, – боз хандид раис ва дарҳол, чунон ки нохост ба сараш фикре омада бошад, илова намуд: – Нағз, ки вохўрдем. Шаб писаратон Мурод занг зада буд. Саҳар ба шумо мерасонам гуфта, фаромўш кардаам. Ташвиши бисёр...
– Мурод занг зад?! – ҳайрон шуд пирамард. – Чӣ гуфт?
– Падарам зуд биёянд...
– Э-эъ! Чӣ кораш будааст, напурсидед?
– Ҳамдигарро дуруст шунида натавонистем. Ҳамин таъинашро базўр фаҳмидам.
– Тавба... Мабодо ягон воқиаи нохуш рўй дода бошад!
– Тинҷӣ будагист. Фарзанд-дия, эҳтимол шуморо пазмон шудааст...
– Не-е, – гуфт пирамард ошуфта ва акнун худ ба худ суханашро давом дод: – Ягон гап набошад, дар ин сармо барои чӣ ҷеғ мезанад? Ё тобаш гурехт...
– Парешон нашавед, амак. Аввал обро дида, баъд мўза кашед. Хайр, ман аз паи кор... Узр, ки саҳар инро ба шумо расонда натавонистам.
Раис дари мошинро пўшид.
– Илоҳӣ офият бошад, – зери лаб пичирос зад пирамард ва хиратабъ ба ҳавлиаш даромад.
Вай дар хона ба кўрпачаи назди бухорӣ нишаста, хеле ба андеша рафт. Дилаш торик мешуд, хаёлаш ба саду як кўча сар мехалонд.
Ба Мурод чӣ воқиа рўй дода бошад? Барои чӣ дар ин зимистони қаҳратун ногаҳон ўро дидан мехоҳад? Вай чунин одат надошт. Дар муддати ҳашт соле ки аз назараш дур аст, ягон маротиба ба телефон, ё худ нома навишта... ўро даъват накарда буд. Дуруст аст, ки вақте мехонд, гоҳ-гоҳ, ҳамон ҳам агар бепул монад, хату хабар мефиристод. Вале таҳсилашро дар институт ба охир расонду аз вай дигар мактуб наомад... Кораш нағз буд, рўзгораш ҳам осуда. Боз чӣ гап шуданаш мумкин?
Фикр карда шиштан фоида надорад. Ҳар чӣ бошад, илоҷе ёфта, ба раҳ даромадан лозим. Агар ин гапро саҳар мефаҳмид, беташвиш ба автобус савор шуда, то худи Хайробод мерафт; он тарафаш осон, ҳатто поезд ҳаст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо