МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
монд, баъд катъӣ гуфт:
– Хайр, дар болояш меравам.
Рашид лабханд намуд.
– Шамоли мошин ганда, хунук мехўред.
– Ту розӣ бошӣ, коре карда... то Хайробод мерасам.
– Майлатон, амак. Лекин азоб мекашед.
– Дигар чӣ илоҷ, рафтан лозим.
Пирамард ба ҳавлӣ даромада, каме пас сабадчаву харбузаро бардошта омад.
– Боратон ҳам вазнин будааст.
Рашид аз дасти ў харбузаро гирифта, ба даруни кабина, назди суръатбардор монд. Баъд боло баромад. Сарпўши қуттии чўбинро, ки дар пешгаҳ ба борти мошин ҷафс шуда меистод, осон кушод; аз дохилаш як чодари брезентиро берун оварда, ба ҷои он сабадчаи пирамардро андохт. Ва сарпўши қуттиро гашта маҳкам кард.
Пирамард ба мошин савор шуд.
– Аз боло шинед, – гуфт Рашид, ба чашм қуттиро нишон дода. – Шамолпанаҳ. Агар хунук хўред, брезента ба саратон кашед. Нағз, ки мўзаи гарм доред.
Вай ҷаҳида фуромад.
Мошин пеш рафт ва тақрибан пас аз даҳ дақиқа, баъде ки раҳи каҷмакаҷи тали Шерон оғоз ёфт, ҳаракаташро хеле суст кард.
«Ин ҷойҳо хавфнок, махсусан дар зимистон, – мулоҳиза меронд пирамард, ба гашти мошин зеҳн монда. – Шерони дарди сара сиҳат-саломат гузарем, он тарафаш душвор не.
Рафторафт дара бошад ҳам, раҳаш ҳамвортар... Азоби шофирҳо ҳисоб надорад. Мудом дар сафаранд – ҳам дар сармову ҳам дар гармо. Рафту дар ягон нимароҳи хилват мошинашон вайрон шавад, азоби сага мебинанд».
Мошин оҳиста-оҳиста, гўё хазида, ба фарози Шерон мебаромад. Ба гўши пирамард, ки ҷуссаи наҳифаш дар ҳавои гашти он такон мехўрд, ғуриши гўшхароши матору садои якнавохти занҷири чархҳо мерасиданд. Дар поин, дар домани тал, хонаву ҳавлиҳо ва боғоту майдонҳои барфпўши деҳа тўл кашида буданд. Худи он дар иҳотаи адирҳои баланд тасмаи бузурги нуқрафомро ба хотир меовард. Аз ҳар ҷо-ҳар ҷои ду бари раҳ пуштаву харсангҳои сап-сафед, ё ҷариву камарҳои сангини қисман аз барф орӣ ба чашм мерасиданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо