Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Духтар, ки аз дидори бародар чеҳрааш шукуфта, чашмонаш барқ мезаданд, давида ба хонаи қассоб рафт.
Пирамард лаган бардошта, поини боғ фуромад ва болои як ток ангури дороиро, ки «писарам агар биёяд, чашида меравад», – гуфта, аз барои хунук нагирад хаспўш карда, ба рўяш чодар партофта монда буд, ба эҳтиёт кушод. Ангурашро дудаста канда, ба лаган андохт. Охирин боғбонро, ки аз таки панҷа барин барги зардчатоб базўр намуда меистод, низ беозор гирифта, махсус чашида дид.
«Нағз, хунук асар накардааст. Ризқи Муродҷонам бутун будааст».
Вай аз лаган ба ду лаълии калон ангур кашид.
– Ман ба шумо шаҳрама додам, – гуфт пирамарди ҳамсоя, як шингил ангур хўрда. – То ҳол дар ток нигоҳ доштаед, а! Обаш ҳам баҷо.
– Набераатон агар биёяд, аз ток канда хўрад гуфта, эҳтиёт карда будам. Мана, хости худо будааст, имрўз даҳанаш расид, – гуфт ў ва ба оҳанги ифтихор аз паҳлуи писараш масрур нишаст.
Пас аз каме қассоб омада, гўсфандро сар зад.
Ва то як поси шаб пои хешу табор, дўстону ҳамсояҳо аз хонаи пирамард канда нашуд. То метавонист, вай ҳамаро хуш қабул кард. Шўрбову палав фармуда, иззату эътиборашонро ба ҷо овард.
Рўзи дигар Мурод ҳамроҳи занаш ба куҷое меҳмонӣ рафт ва бегоҳ, ҳангоме офтоб ғуруб мекард, ширакайф баргашта, ба пирамард гуфт, ки дар маркази шаҳрак як ошнои калоншаванда дорад; ў мошин ваъда кард; онҳо худи ҳамин шаб ба роҳ мебароянд...
– Алавгирӣ омада будӣ? – пурсид пирамард, аз ин қарори писараш озурда.
– Вақтам танг, додо. Фардо ба истироҳат меравам, канори Баҳри Сиёҳ... Пешакӣ билет харида будам.
– Ман ба ту гап доштам. Фурсат нашуд, ки...
– Гапатонро бемалол гўед. То омадани мошин ҳоло вақтамон ҳаст.
Он бегоҳ пирамард ба андешаи «гўям ё нагўям?» – хеле

пешина
аз 551
навбатӣ