МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ба фикрам... дар куҷое ки умр хуш гузарад, ҳамон ҷо ватан аст...
– Наход!? – заҳрханд кард Усмон Азиз. – Воқиан, шумо куҷову идроки солими ватан куҷо!
Ҳалимбой, дамаш ба дарун, аз чойҷўши дудзада чашм намеканд.
– Ман аз шумо боз як чиз пурсиданӣ, – гуфт Усмон Азиз пас аз қадре хомўшӣ ва баъде ки вай сар бардошта, бе ҷуръат ба рўяш нигарист, дар тамкини аввала суханашро идома дод: – Ягон бор оё фикр кардед, ки барои чӣ русҳо дастболо шуданд?
– Не-ку...
– Ҳеҷ?
– Ба ин гуна корҳо ақли ман намерасад.
– Афсўс, бой, сад афсўс! Шумо ҳатто тасаввур надоред, ки ба саратон кадом балои муаллақ омадааст... Хайр, чӣ илоҷ!
Пас ман ба шумо ҷавоб медиҳам. Русҳо барои он дастболо шуданд, ки мо – аз худи амири бемағз то шумо барин дар ҳирси дунё мондагиҳо... раиятро бераҳмона истисмор мекардем. Рўзи мардуми бебизоат, камбағал бадтар аз рўзи саг буд. Русҳо чӣ? Омада гуфтанд, ки ба шумо, ҷафодидагон, озодӣ медиҳем, обу замин медиҳем, рўзи равшан медиҳем; фақат ин ки ба мо ҳамсафу ҳамраъй шуда, занед золимонро.
Кўр чӣ мехоҳад? Ду дидаи бино. Ба гушна чӣ даркор? Дар навбати аввал – нон! Камбағал ҳам нони беминнатро дида, дар хусуси зиндагии пуразобаш каме фикр карда, дарҳол тарафи русҳо гузашт, ки ба ин танҳо худамон гунаҳкорем.
Халқ аз мо безор шудааст, вай акнун ҳамроҳи русҳо, болшевикҳо... мегўянд ҳаёти нав месозад. Ва ҳақ бар ҷонибаш. Ана ҳамин тавр, бой! Фаромўш накунед, ки аз зулм зулм мерўяд.
Доно будаанд русҳо: омадан баробар тарафи золимро не, тарафи мазлумро гирифтанд ва маҳз барои ҳамин дастболо шуданд. Чунки мазлум дар кишвари ҷабрдидаи мо бисёр буд; чунки иттифоқи мўрчагон шерро аз пой меафканад...
– Нафаҳмидам, тақсир. Охир, баъди ин... мусулмонӣ чӣ мешавад?
– Мефаҳмед, ягон рўз нағз мефаҳмед, – гуфт Усмон Азиз ва чашмонашро, ки нохост нам гирифта буданд, аз ў гурезонда, пас аз дақиқае илова кард: – Шуд, бой, ман аз ин ҷиҳат дигар гап намезанам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё