МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Бо вуҷуди ин калвиданҳо мўйсафед бовар дошт, ки дар вақту соаташ ҳатман ба мурод мерасад. Аз ин рў баъзан фурсат ёфта, ба саргармии Мирзокарим зеҳн мемонд, ҳар як ҳаракати ўро азхуд кардан мехост. Зеро тартиби думбура сохтанро ба хубӣ донад ҳам, гумон мебурд шояд дар ин пеша боз ягон сирри дигар бошад; сирре ки танҳо ба устоҳои гулдаст аён аст. Аммо ҳар қадар дақиқ назар мекард, аз корбандии ҳамсояаш мушкиле намеёфт, гўё тамоми ин ҳунар ба вай ошно буд.
Гоҳо, махсусан ҳангоми аз назди Мирзокарим баромада, ба ҳавлиаш мерасид, мўйсафед ба худ мегуфт: фардо албатта ба кор сар мекунам. Вале... рўзи нав оғоз мегардиду вай боз дудила мешуд – охир, барои думбура гуфта дар умраш, ягон маротиба чўб натарошидааст. Пас чӣ тавр табар гирифта, зардолуи боғашро меғалтонад?
Бад-ин минвол солҳо паиҳам сипарӣ мешуданду мўйсафед ба орзуяш расида наметавонист.
Ниҳоят порсол, аввали зимистон, ў дар ҳамин бозор, дар худи ҳамин ҷое ки ҳоло нишастааст, чанд косаву табақро дар байни ним соат фурўхта, аз нахустин магазини сари кўча каме ширинӣ ва як кило чой харида, ба Ховалинг баргашт.
Вай тамоми раҳ, дар ҳолате ки тани коркўфтааш дар болои мошини боркаш такон мехўрд, аз хусуси рўзгори хеш ба ҳар навъ андеша мерафт. Фикр мекард, ки бемадор шудааст, синну соли ҳамсараш низ ба ҷое расидааст; ҳафт сол боз онҳо, пиру кампир, нафақа мехўранд. Чӣ илоҷ, умри одамизод оби ҷўй барин – мегузараду меравад. Худо акнун ба ягона духтараш, ба набераҳояш ҳаёти осуда диҳад, бахти бедор диҳад.
Агар ба як фарзанд мондани худро ҳисоб накунад, мўйсафед аз зиндагӣ шиква надорад. Сад афсўс, ки занаш дар ҷавонӣ ногаҳон бемор шуду дигар кўдак наёфт... Наберааш, нахустфарзанди духтараш, порсол ба аскарӣ рафт. Аз сурате ки дар ҳамин қарибӣ фиристод, баръало маълум – қад ёзондааст, паҳлавон шудааст. Вай ҳоло дар куҷо бошад, чӣ кор мекунад? Кошкӣ даҳ моҳи дигараш низ тезтар мегузашту «бобо!» – гўён Саидакрам оғўш кушода... аз дар медаромад!
Мўйсафед инчунин андеша меронд, ки ҳамон думбураи солҳои дароз орзу кардаашро кай месозад. Пагоҳ-фардо гуфтан бас будагист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор