МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ғўлаҳо низ ба тоб омада буданд.
Вале мўйсафед саросема намешуд.
«Боз камтари дигар, – мегуфт дар дил, каҷкорду тешаашро ба сўҳону фасон тез карда. – Боз ду-се ҳафтаи дигар...»
Ниҳоят вай дар пеши ҷўи равон, ки ҳавлиро қадре бурида мегузашт, аз сангу чим банд партофт. Ва об кўл шудан пас... аз ғўлаҳои зардолу якеро оварда, ба он кўл андохт.
Ғўлачўб оби худашро гурезонда буд; акнун, то ки тарошиданаш осон гардад, мебоист оби бегона гирад. Бинобар ин се рўз даруни кўл хобид.
Рўзи чорум мўйсафед онро аз об бароварда, ба дўконаш бурд ва остин барзада, ба кор шурўъ намуд. Парвои оламу одам надошт. Аз субҳ то шом дар равшании пеши дар нишаста нишаста, дар даст гоҳ каҷкорду гоҳ теша, он ғўлаи дуруштро тадриҷан ба шакли думбура меандохт. Аз ҳаракати баэҳтиёту чашмони нурбораш равшан бармеомад, ки мўйсафед як асбоби маъмулӣ не, балки мўъҷиза меофарад. Ва он мўъҷиза худи ҳозир аз гармии дилу қудрати дасту панҷаи ў ҷон гирифта, ба ҷунбиш меояд, табассум мекунад...
– Ҳама думбураат ҳамин?
Хаёлаш парешон гардида, мўйсафед дар муқобил ду нафарро дид. Ҳар ду низ ҷавон – яке зардинаи дароз; дуюмӣ, ки дар даст магнитафон дошт, миёнақади мўяш ҷингила. Кадоме аз онҳо суол дод, вай нафаҳмид.
– Мегўям, ки ҳама думбураат ҳамин? – пурсид ҷавони зардина.
– Ҳо, бачам...
– Ин қадар безеб?
Мўйсафед озурда шуд.
– Чандсўмианд?
– Худат пурс.
– Даҳ сўм...
– Ба даҳ сўм чўбашро намеёбӣ.
– Ман ба чўбаш чӣ кор дорам? Ба ман думбура лозим.
– Асбоби хуб лозим бошад, ана... бигир.
– Моли хуб будааст, а! Афташон дар чӣ ҳол – намебинӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор