Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ў чор-панҷ рўз ба ягон кас ҳамгап нашуд. Кулли он ғайрату ҳарорате ки зардолуро буридан инҷониб вуҷуди мўйсафедро тарк намекарданд, банохост гум гашта буданд. Пакару бедимоғ мезист вай. Хаёлаш, ки дили ҳамеша гармашро ба як пора санги сард иваз намудаанд.
– Ноумед нашав, – мегуфт кампираш, бешубҳа ба ҳоли ў раҳмаш омада. – Боз чорта думбура дорӣ. Мирзокарим барин ду-се бор равғани зағир молида, дар офтоб монӣ, ранги оина ялақос мезананд.
«Ту куҷову маслиҳат...» – бадтар хуноба мешуд мўйсафед.
Аз байн чанд рўзи дигар гузашту вай кам-кам ба худ омад. Ва як чоштгаҳ ду пора равғани дунба гирифта, ба дўконаш рафт; думбураҳоро ба рўи ҳавлӣ баровард. Ба «равғани зағир нағз нест, мардак?» – гуфтани кампираш эътибор надода, ҳамон ду пора дунбаро ба ҳар чор асбоб табъи дил молид ва онҳоро дар офтобрав гузошт. Сипас то бегоҳ хапу дам аз паи кори хона шуд.
Субҳи рўзи дигар рўймоли миёнбандашро кушода, думбураҳоро ба вай хуб пок кард. Баъде ки ҳама лайс шуданд – лекин рангашон тағйир наёфта буд, – ба онҳо тор гузаронду худ ба худ «мабодо овозашон носоз барояд?» – гуфта, дар ҳаяҷон ва тарсида-тарсида, ҷўр намуд, ки эҳа-а... садои дилбаре доранд, дар ин ҷиҳат ҳатто аз асбоби ҳамсояаш як сару гардан болотаранд...
– Ҳа-а, маълум, ки аз чўби зардолу, – мегуфт Мирзокарим, ба тори онҳо панҷа зада. Аммо вай инро ба мўйсафед нигоҳ накарда ба забон меовард; чунин менамуд, ки – одамизод аст! – ҳасад мебараду намедонад ғубори шояд дар чашмонаш аксгардидаро чӣ тавр пинҳон дорад.
Бинобар ин мўйсафед таскин намеёфт: дар байни созҳо асбоби дилхоҳаш нест. Эҳтимол он думбураро, ки ормони кулли умраш буд, болои қаҳр худаш дар оташ андохта, бераҳмона сўзонд. Сазои сараш! Дигар ҳеҷ гоҳ ба даст каҷкорду теша намегирад, гирифта ҳам наметавонад. Барои он наметавонад, ки дониста ё надониста орзуи ширинашро, ниҳоли умедашро сўзонд, хокистар кард. Бе орзу, бе дарду ҳасрат...
– Чашм нарасад, овози баҷо доранд, – гуфта буд Мирзокарим, ҳангоме аз дарвоза баромада, хаёлманд ба тарафи хонааш мерафт.

пешина
аз 551
навбатӣ