МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ҳафтае набуд... «нахустфарзанди модар»-ро ранҷонда, сабабгори оби дидааш нашавад. Онҳо ба ҳам то андозае душманӣ доштанд, ки пас аз талошу пархош рўзҳои дароз ногап мегаштанд. Ва ҳар бор онҳоро падару модар ба сад азоб оштӣ медоданд.
Вай, ки ҳоло чилсола аст, нағз дар хотир дорад: ду сутуни пешайвони хонаашон каҷ буд. Ҳангоме хоҳарашро меранҷонд, ў бештар ба яке аз ҳамон ду сутуни дағал такя оварда, талх мегирист.
Хоҳараш инак гирифтори шавҳари бадмасту фарзандони бемор аст; мўяш сафед, рўяш пурожанг...
Ва ниҳоят бадбахт аст.
Худи вай ҳам дар зиндагӣ чандон наосуд.
...Солҳост, ки дар як шаҳри калон умр ба сар мебарад.
Ва зуд-зуд хоҳарашро ба ёд оварда, дилаш фишурда мешавад. Ба ёд оварда, дардаш гарон, муттасил фикр мекунад:
онҳое ки якдигарро ба ҳар ҳол дўст медоранд, оё ҳамеша якдигарро азоб медиҳанд?
Вале ба ин суоли доимӣ, ки ҳар дафъа чун нештар ба дили пур аз захмаш фурў меравад, ҷавоб ёфта наметавонист.
Дирўз ҳам вай дар пешайвони хонаи худ нишаста, тарбузи хунук мехўрду беихтиёр хонаи падарро ба ёд меовард; гиряҳои талхи хоҳарашро мешунид; мўи сафеду рўи ожанггирифтаи ўро пеши назар медид. Ва ҳамон суоли ҳарина боз ба тору пуди мағзаш печида, ягона ҷавоби солим мехост.
Аммо...
Ногаҳон ба вай чунин намуд, ки во аҷаб – Сутунҳои хонаву дари худаш низ саросар каҷ шудаанд.
2 Дар пушти тиреза як бутта гули садбарг мешукуфт.
Қариб ҳар рўз борон меборид.
Баъди борон гоҳ офтоб мебаромад, гоҳи дигар – не... Вале он гирдаи заррин хоҳ рух намояд, хоҳ пинҳон бошад, пас аз борони баҳор хонаи хурд ва камбағалонаи ўро накҳати гулу гиёҳ фаро мегирифт.
Дар димоғаш бўи хуши наботот...
Вай аз тирезаи кушода дақиқаҳои тўлонӣ ба берун менигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор