МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ё гапам дурўғ?
– Аз бозиҳои кўдакиамон – рост. Лекин дигараш...
– Чӣ дигараш? – теғ кашида, ба Амон нигарист Замон.
– Дигараш ин ки, – гуфт дар тамкин Амон, – ҷафои падарат ба ман кам набуд; баъд аз овони қўдакиамон ҷафои худат ҳам... Азоби раҳматӣ қиблагоҳам-ку ҳисоб надошт.
– Пас ту аз мо қасос гирифтан мехостӣ?
– Не! Дар ин умри дарозам сад бор гуфтам, ки не!
– Не бошад, барои чӣ бе пўшт-пўшт замини моро соҳибӣ кардӣ?
– Инашро ҳам медонӣ.
– Ба он ғазале ки солҳо боз мехонӣ, ақли ман намерасад.
– Мағзи саратро дурусттар кор фармо. Пас шояд...
– Лозим не акнун, – ба чӣ хаёле рафта, ногаҳон ором шуд Замон. – Ҳамааш гузашт, дигар барнамегардад.
– Рост, ҳар чиз аввалу охир дорад, – хулоса кард Амон.
– Боз ҳамон гапи қўҳна, – дастони бемадорашро ба таки кўрпа гирифта, зери лаб гуфт Замон.
Ва хонаи озодаву ба чароғи барқ равшан...
Аз нав дар оғўши сукунат монд.
Аммо пас аз лаҳзае дар кушода шуда, ба он ҷо ду каси дигар даромаданд, – писари хурдии Амон ва аз қафои вай...
Набераи калони Замон.
Баъде ки писари Амон дар паҳлуи падараш нишаста, аз ҳоли бемор пурсон шуд ва ба чанд сухани гарм ўро дилбардорӣ кард, Замон ба наберааш рўй овард.
– Куҷо будӣ?
– Аз гаву гўсола хабар гирифтам, – гуфт ҷавони тануманди хушсурат, ки пас аз хатми донишгоҳ чор сол инҷониб дар калхоз аграномӣ мекард.
– Падарат наметобад?
– Хонаи ҳамсоя гузаштанд – меҳмон доштааст. Ҳамин замон меоянд.
– Хайр...
Ин дам Амон ба писараш ишора намуда:
– Шабҳангом... Омадааст, ки маро гирифта барад, – гуфт ба Замон, – туро бинад... Акнун ба мо иҷозат.
– Майлат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор