Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
МУҲАММАДРАСУЛ ИБРОҲИМЗОДА
МИЗОНИ ДАВР
Китоби нави Муҳаммадрасул Иброҳимзода, ки аз се асар "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" мураттаб шудааст, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ, рафтору кирдори шахсиятҳои гуногунро дар лаҳзаҳои ҳассос инъикос менамояд.
Донистани воқеоту ҳодисоти он даврони фоҷиабор оқибати беандешагию ба доми шахсони худхоҳу манфиатҷӯ, бадхоҳу бадкин афтодани мардуми содадил, шарри ҷангу кинаи ҳасуд барои ҷавонон аз манфиат холӣ нест. Махсусан беэҳтиромӣ нисбат ба падару модар сазои худкомию саркашӣ аз насиҳатҳои онҳо дар қиссаи "Васияти пеш аз марг" хеле ҷаззоб ба қалам дода шудааст.
ПЕШГУФТОР
Аксарияти дӯстдорони каломи бадеъ ба асарҳои илмию таърихӣ ва ёддоштию бадеии манбаъҳои ахлоқию тарбиявидоштаи нависанда Муҳаммадрасул Иброҳимзода, аз ҷумла "Офтоби паси абрҳо", "Панди авлиё", "Гулчин аз тибби Мавлавӣ", "Моҷарои ишқи духтари курд", "Аз Ромит то ба Бухорою Дарвоз", "Васияти пеш аз марг", "Ситораҳои пурҷило"-и ӯ шинос мебошанд.
Ҳоло боз китоби нави Муҳаммадрасул Иброҳимзода ба дасти хонанда мехӯрад. Аз гуфти ӯ романи "Дар орзуи падар"-и Кароматуллоҳи Мирзо ба вай писанд афтода ва чанд бор гаштаву баргашта мутолиа намуда, ба хаёле афтода, ки дар пайравии он чизе нависад. Ба кор иқдом намудаву қиссаи "Васияти пеш аз марг"-ро таълиф кардааст. Онро агар касе бихонад, ҳис менамояд, ки нависанда дар ҳақиқат аз романи "Дар орзуи падар" таассурот бардошта, пайравӣ ҳам кардааст. Хушҳолам, ки Муҳаммадрасул Иброҳимзода барин як соҳибқаламе, ки кайҳо ному эҷодаш ба хонанда маълум аст, ба навиштаҳои банда таваҷҷӯҳи хоса дорад.
Дар романи "Дар орзуи падар" дарди оилавайронӣ, дарди аз навозишу меҳру муҳаббати волидайн маҳрум мондани фарзандон баён ёфтааст. Албатта, дар зиндагӣ дардҳо афзунанд, беҳисобанд. Беҳурматӣ, носипосӣ ба падару модар, бадрафтории ҷавонону наврасон, зӯроварӣ, фасод, нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ, одамфурӯшӣ... Азобу азиятҳои фарзандон, ки барои рӯзгузаронӣ ба муҳоҷират мераванд, беҳуқуқӣ, таъқиб шудани онҳо бештар ба нависанда таъсир оварда, дили адиб ба дард омада. Муҳаммадрасул Иброҳимзода табиб ҳам ҳаст. Аз дардҳое, ки ҳамватанони мо дар мусофират гирифтор мешаванд, хабар дорад. Онҳо ба зодгоҳ, ба хона, баробари ризқу рӯзӣ, дардҳои бедаво ҳам меоранд.
Муаллиф ба воситаи ин асараш ба хонандагони закитабъ гуфтанӣ аст, ки эй ҳамватанон, ба гуфтаҳои Худову Пайғомбар (с) ва изҳороту насиҳатҳои падаронаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намоед, ба қадри илму фарҳанг ва тамаддуни ҳазорсолаамон бирасед, обу хок, марзу буми Ватани азизро, ки аз Сосониёну Сомониён, аз гузаштаҳои дур мерос мондааст, чун гавҳараки чашм ҳифз намоед. Зеро ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мо ба ин рӯзҳои хушбахтӣ соҳиб шудем, адолат ғалаба кард ва ҳақ ба ҳақдор расид. Дар асарҳои Муҳаммадрасул Иброҳимзода ин дигаргуниҳои куллӣ қадам ба қадам тасвир шуда, ифодаи воқеии худро ёфтаанд. Заҳматҳои дар роҳи истиқрори Тоҷикистони соҳибистиқлол кардаи Президенти кишвар дар навиштаҳо пурра таҷассум гардидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор