МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Хайр, акнун эҳтиёт мешавем. Кўр асояшро як бор гум мекунад...
– Пеш ҳам вай шуморо хабар мегирифт?
– Гуфтам-ку: дар ҳафт-ҳашт соли охир аввалин бор рўяшро дидам.
– Ана, ҳол он ки нисфи умраш дар Шаҳр мегузарад.
– Яъне ман ба ў даркор будам? Барои ҳамин маро кофта... оқибат ёфт; азизу авлиё карда, ба деҳа овард?
– Бале. Аммо вақте фаҳмид, ки шумо харашро аз лой намебароред, рафту ягон рўз вохўрем, дар дунё чӣ пур – баҳона гуфта, ваъдаашро... чун носи даҳан ба кўча партофт.
– Хайр, раҳаш ба худаш, сояаш ба девор!
– Лекин муҳиммаш, шумо аз вай хафа нашавед. Чунки он бўқаламун ба ин ҳатто намеарзад.
– Воқиан, касбаш чӣ?
– Намедонед?
– Не, напурсидаам.
– Дар як ошхонаи шаҳрак кор мекунад, дар маркази ноҳия.
Пивафурўш! Ҳама дабдабааш аз болои ду-се тини мардум.
– Фаҳмо, – гуфт андешаманд Мансур ва дигар ҳарфе назад.
Мошин ба ҳудуди шаҳрак наздик шуда, акнун дар раҳи асфалт мерафт.
Андрей ҳамчунон хомўш буд. Аз тирезаҳои кушода бодаки нарм даромада, мўйсари хурмоӣ ва каме тунукашро парешон мекард. Ва ў ҳар замон даст ба сараш мебурд, онро ба тартиб меовард.
Ҳангоме ки аз маркази ноҳия мегузаштанд, Зафарбек ба қади кўча ишора намуда:
– Ана вай! – гуфт.
– Кӣ? – чизе нафаҳмида, мутаҳайир ба пасу пеш назар давонд Мансур.
– Хаскаш...
– Канӣ?
– Ба дасти чап нигоҳ кунед, ба истгоҳи автобус...
Мошин ки ҳоло аз он ҷо гузашта буд, Мансур фавран ба қафо рўй оварда, аз тиреза...
Дар ҳақиқат Хаскашро дид.
Вай дар канори майдончаи асфалтпўш, ки як хонаи хурд – кассаи билетфурўшӣ – ва шипанги чор тарафаш кушода дошт, дар назди «Волга»-и осмонранги худ рост меистод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор