МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Дар чор соли ҷанг мардум азоби бисёр диданд. Аз худат гап намемонад... Акнун рўзе расидааст, ки поямонро аз лой берун кашем. Барои ин меҳнат лозим, ҷон коҳондан лозим. Аммо дар деҳа одами коршоям қариб нест. Аксарияти мардҳо ё ман барин маъюб, ё пири фартут, хонашин... Гапи бисёр як хара бор гуфтаанд. Мақсадамро албатта фаҳмидӣ?
– Фаҳмидам, раис. Лекин... аҳволи оилаамро дида, ҷигарам хун мегардад. Ҳатто ним каф орд намеёбем, ки ордоба кунем. Боз шикастурехти ҳавлӣ...
– Медонам, Насимҷон. Ин рўзи сахт ба сари ҳама омад.
Ғам нахўр – худо хоҳад, об ба лаби ҷўй баробар мешавад.
Фақат заҳмат кашидан лозим.
– Чӣ илоҷ?! Одаму машаққат...
– Зинда бош, додар! Тавонӣ, аз пагоҳ ба сари замин баро... Боғи Боло дар ихтиёри худат.
Раис вазнашро ба асобағал андохта, аз ҷой хест ва хайрухуш карда, лангон-лангон чанд қадам пеш рафт. Баъд, мисли он ки ногаҳон чизе ба хотираш омада бошад, бозистода, дар азоб ба забон овард:
– Воқиан, аҳвол бад гуфтӣ, а? Хайр, бегоҳ писаратро ба идора фирист. Шояд мудири анборро ба гап андохта, ду-се кило орд ёфта диҳам...
...Музаффар баробари ғуруби офтоб аз ҳисоби калхоз панҷ кило орди ҷав гирифта омад.
Рўзи дигар падару писар Боғи Боло мерафтанд. Дар самти шарқи осмон ранги арғувонӣ медавид. Аз кўҳи наздик, ки дар назар тимсоли ҳайбат менамуд, насими фараҳафзои субҳгоҳон вазида, ба тану ҷони кас мадори тоза мебахшид.
Музаффар аз паҳлуи падар қадам монда, баъзан дар як ғурури кўдакона ба қаду қомати расо, китфони барҷаста ва чеҳраи ҷаззоби ў менигарист. Ана ҳамин марди паҳлавон падараш... Вай чанд сол боз набуд. Дар куҷое ба фашистони бадтол майдон мегирифт.
«Модарам мегуфт, ки додот ба туфанг ҷанг мекунад. Канӣ туфанги ў? Чаро ба худаш наовард?..»
Он рўз падараш дар тан шиму куртаи хокаранги аскарӣ ва дар пой мўзаи бақувват дошт. Остинҳояш то оринҷ барзада буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор