Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

нигоҳи беҳолаш гўё ба ранги осмони покиза тоб оварда натавониста, маҷбур чашм пўшид. Аспаш, ки то ин дам ба вай дар тааҷҷуб менигарист, якбора тарсида, балки девона шуда, шиҳакашон ба ҷониби дара гурехт.
Усмон Азиз маузерро дар ғилоф андохта, Ҳалимбойро, ки аз ин ҳодиса ба даҳшат омада, саросема харсавор шудан мехост, ба имои даст ҷеғ зад. Ва ў хандаовар лапон-лапон давида, дар наздаш ҳозир гардид.
– Ба падару модараш хабар дода, дар доираи ҳама расму русум дафн мекунед, – гуфт Усмон Азиз, ба ҷасади Ҷалол як назар давонда.
– Ҷанобашон ҳар чӣ фармоянд...
– Дар ҳамин ҷо гўронда, туғ мебардоред. Дар ҳар сурат шаҳид шуд.
– Ба чашм, тақсир. Итоат, тақсир…
– Агар фаҳмам, ки бесоҳиб гўрондаед, ё мулло оварда, оят нахонондаед, аз худатон гила кунед.
– Наход, тақсир...
– Махсус омада, пўст меканам!
– Ҷанобашон осуда бошанд, ҳамаашро ба ҷо меорем:
фарзанди мусулмон-ку!
– Рост, вай фарзанди мусулмон буд. Лекин шумо... – Усмон Азиз давоми суханашро фурў бурда: – Гап ҳамин, – гуфт ва аз паллаи хўрҷин як миёнбанди шоҳии сабзро берун кашида, ба дасти Ҳалимбой партофт. – Бурда рўяшро пўшонед. – Сипас ба он панҷ нафаре нигарист, ки хона ба хона ҷавоб дода буд. – Шумо ҳам ёрӣ расонед... Мо рафтем!
Сиёҳмушкин ҳавои қамчини соҳибашро ҳис карда, сабук ба роҳ даромад. Аз қафои вай аспи Қурбону Ғуломҳусайн чаққон пай гирифтанд.
– Набурд маро ба худаш, – аз зўри алам қариб гириста, туфи даҳонаш пиндор ба заҳр табдил ёфта, зери лаб ғурунгид Ҳалимбой. – Набурд… беинсоф!

3
Тамоми шаб, то даме ки ў... дар дили беқарораш орзуҳои
ширин, ниҳоят ба хоб рафт, борон меборид; гоҳо аз шасташ
гашта ва пас аз фурсате боз шарос зада, бақаҳру беист меборид.

пешина
аз 551
навбатӣ