МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Вале мўйсафед ҷавоб нагардонд; гўё кар бошад, сухани ўро аслан нашунид.
– Пиёба мехўред?
Боз ҳамон ҳолат: мўйсафед дам назад – на ҳа гуфт, на не.
Ҳатто намеҷунбид.
Пиразан аз рўбарўи шавҳар дар кўрпачаи таки тиреза нишаст ва як лаби сарандози шолашро, ки сабзтоби обшуста буд, хаёлманд газида, ба тарафи ў чашм партофт. Ранги мўйсафед пахтаи кўҳнаро мемонд; ҳеҷ гоҳ мисли имрўза бенур набуд. Нўки риши дароз ва қадре жўлидааш ба гардани борики вай афтида меистод. Дастони лоғари то оринҷ лучаш чун ду чўби хушк дар болои кўрпа беҳаракат мехобиданд.
Рагҳои соид ва пушти дастонаш, ки дар зери пўсти лимувор зарди ҷо-ҷо доғи кунҷидакдори ў дамида баромада буданд, ба монанди симтўри зангзада тира метофтанд.
Дилаш ба ҳоли шавҳар сўхта, пиразан туфашро дар азоб фурў бурд ва канори сарандозро аз дандонаш раҳо дода, худ бехабар лаб газид. Вай ба ҳасрат фикр мекард, ки мўйсафед қариб ду сол сахт бемор буд. Баъд саломатиаш тадриҷан рў ба беҳбуд овард ва оқибат ба по хеста, кўча мебаромадагӣ шуд, гўё тамоман сиҳат ёфт. Ҳатто ду-се маротиба ҳамроҳи наберааш ба маркази ноҳия рафта, хушу хурсанд бозорӣ карда омад. Лекин ба вай боз чӣ зарар расонд, ки як ҳафта қабл дафъатан аз пой афтид. Ҳамон рўз инҷониб гоҳ баҳушу гоҳ беҳуш, ҳеҷ чиз намехўрад, латта барин суст... Воҳид, бечора, сахт тарсид – духтур ҷеғ зада, ўро нишон дод; гуфт, ки илтимос, дору-дармон кунед, шифо бахшед. Духтур мўйсафедро дид ва зуд берун баромада, дасташро ба собун шуст.
Пас дар рўи ҳавлӣ, дур аз пиразан ба Воҳид чанд сухан гуфта, шитобон рафт. Вай дониста... махсус ба овози паст гап зад, то пиразан нашунавад, нафаҳмад... Баъде ки Воҳид гашта ба хона даромад, мўйсафед, духтур «мебарем» нагуфта бошад ҳам, ба ў нигариста, норозӣ ғур-ғур кард:
– Худат медонӣ-ку, писарам – ман аз ҳафт маҳалли касалхона безор. Боз барои чӣ ташвиш кашида, духтур овардӣ?
– Хафа нашавед, додо, вай шуморо бурда хобондан намехост. Ҳамин тавр... омад, дид, дору таъин кард. Зарар надорад, – гуфт Воҳид, ки овозаш каме меларзид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор