Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷавонон эҳтимол пиронсолии ўро ба эътибор гирифта, ҳурматашро ба ҷо меоварданд, – салом медоданд. Вале аксарияти мўйсафедон, агарчи Назарро аз дур дида меомаданд, гўё барқасд... ҳатто ба тарафаш нигоҳ намекарданд. Фақат баъзе аз онҳо тасбеҳгардонии ўро як дам ба зери муояна кашида, дар тамкин:
– Монда набошед, домулло! – гўён фориғ ба роҳи худ мерафтанд.
Чунин муносибати мардумро вай борҳо дида буд; аҳамият намедод... Лекин он бегоҳ қаҳраш омад. Тохта аз суфача хест ва бари ҷомаашро ба зарда афшондаву тасбеҳашро дар киса андохта, акнун ба ҳавлӣ даромадан мехост, ки Тўронтракторчӣ:
– Ассалому алайкум, ҳамсоя, – гуфта, дар рўбарўяш таваққуф намуд.
– Ваалайкум ассалом, – табъаш хира, ҷавоб гардонд Назар.
– Ба ҳашар нарафтед? Ё ягон кор баромад?
– Саҳл тобам гурехт. Дар кўча ҳам, ана... қуфли дил кушода нашуд. Сарам вазнин, аъзои баданам карахт. Дар китфам гўё санги осиё бор кардаанд.
Вай дурўғ гуфт.
– Нам кашидагистед, мегузарад, – ба рўи Назар лаҳзае чашм дўхта, Тўрон-тракторчӣ хомўш монд. Пас ба андешаи «мабодо иззати нафсаш коҳад» одоби муоширатро нигоҳ дошта, мулоим илова намуд: – Ҳамин хел будааст... ба дасти набераатон ягонта бел дода, писарам, ба ҷои ман ту рав гўед, намешуд?
– Аввало ин ки вай мактаббача, дарс тайёр карданаш лозим. Сониян, худатон ҳам медонед – падараш қариб се моҳ боз дар Душанбе... мехонад. Мазмун, ҳоло ба обу алави зиндагии мо кӣ ёрӣ медиҳад? Албатта набераамон! Одам ба андеша гап мезанад.
– О рўзи дароз додараш қатӣ дар пошнаи тали Муғон тўббозӣ мекарду...
– Хайр, бача вай, завқаш омада… тўббозӣ карда бошад, кардагист. Ё чӣ, ҳамин ба шумоён дастак шуд? Аз бандаҳои ҳардамхаёлат гардам, худо! – ғайр аз ғут-ғут дигар чизро намедонанд.

пешина
аз 551
навбатӣ