Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо хабари ин ҳодисаи нангин ба гўши одамоне ки Назар аз онҳо бисёр метарсид, нарасида бошад ҳам, ба гўши худи Султон расид; вай пас аз тамом шудани ҷанг, гуё барқасди Назар, чӣ хеле ки сиҳат рафта буд, ҳамон хел саломат баргашт...
Мўйсафед хуб дар ёд дорад: Султон гашти рўз ба деҳа қадам монду рўзи дигар, саҳарӣ, дар шасту итоб ба коргоҳи ў даромада, як дам дар рўбарўяш хомўш истод. Сипас ду қадам пеш партофта, кафҳои фарохашро ба ду гўшаи мизи Назар гузошт ва андак хам шуда, ба рўи вай, ки рангаш канда, дар курсии нимшикаста карахт менишаст, ба танаффур чашм дўхта:
– Амаки Юф! – гуфт. – Ноодамии шуморо то охири умр дар хотир медорам. Баъди марг... устухонам ёд мекунад!
Назар аз ваҷоҳати ў ҳаросида, базўр аз ҷой хест ва худро ба нофаҳмӣ зада, фарфар гуфт:
– Чӣ гап, Султонҷон? Аввал як вохўрдӣ кунем. Шаб омадани шуморо шунида, ба дидор рафтанӣ будам, лекин...
дастам нарасид. Худатон медонед – ташвиши лаънатӣ раис аз мўи сараш зиёд.
– Нағз, ки нарафтед. Агар мерафтед, ин поятонро ҳам зада, ланги ду дунё мекардам. Раис, а!
– Дурусттар фаҳмонед: чӣ воқиа рўй дод? Барои чӣ шумо аз ман хафа?
– Намедонед?
– Аз куҷо донам...
– Худатонро гўлу гумроҳ нишон надиҳед! Ҳозир шуморо дар ҳамин ҷо хобонда, ба шиками дар тахтапушт часпидаатон сад лагад занам, ту дидӣ, ман надидам мегўеду ба ягон кас ҳатто даҳан намекушоед. Чунки гуноҳатонро хуб медонед. Охир, модари ман мурда бошад ҳам, ҳоло дар деҳа одамони аз беинсофии шумо бохабар бисёр!
– Ҳой, Султонҷон, ман дар пеши шумо ягон гуноҳ надорам. Аз аҳволи раҳматӣ модаратон тез-тез хабар мегирифтам. Ҳаққи меҳнататонро-ку аз будаш зиёдтар карда, ба ана ин китфам партофта, – Назар ба китфи чапаш ишора намуд, – то хонаатон худам бардошта бурдам.

пешина
аз 551
навбатӣ