Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Гапат ҳақ. Бо вуҷуди ин дар зиндагӣ мукофоти амал ном... чӣ гўям? Умед ҳаст, инсоф ҳаст... Як рўз не, як рўз ганда ҷазояшро мекашад. Нав ба чашми худат дидӣ-ку.
– Чиро?
– Оқибати он моҳии бераҳмро.
– Бале, дидам, – дар лабонаш лаҳзае табассум дамида, гуфт марди зиёинамо. Ва ба аҷаб оҳанге илова намуд: – Дар аслу асосаш фасона будани худи дунёро ҳам...
– Минбаъд наменолӣ.
– Шояд... – гуфт вай дар ҷавоб мушавваш.
Қурси оташини офтоб фурў нишаста, охирин шўълаҳои шафақ дар сатҳи оби беғам ҷо-ҷо хатҳои тасмамонанди арғувонӣ мекашиданд.
Чойхона серодам буд; пур аз садои мусиқӣ ва сўҳбату ханда буд.
Дар кўли кабуди муҷалло заврақҳои зард, сурх, сабз...
Ором шино мекарданд. Баъзе аз онҳо бодбонҳои сабуки рангоранг доштанд.
1986

УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Гоҳо атрофро ба дасти зулмот супурдаву гоҳи дигар замину осмонро ба анвори тези худ оғушта, дар сари кўҳи Фарҳод тамоми шаб оташи барқ медурахшид.
Гоҳо садояш фурў нишаставу гоҳи дигар аз нав ба хурўш омада, замину осмонро гўё такон дода, дар сари он кўҳи баланд тамоми шаб раъд гулдурос мезад.
Гоҳо суст шудаву гоҳи дигар боз ба авҷаш расида, чун аз ғирбол шаб ҳама шаб шохборон мерехт.
Мерехту мерехт...
Ва арчаи пир, ки дур аз арчазори фарохи синаи кўҳ, дар кафи як шахи бузург солҳо инҷониб тани танҳо ба сар мебурд, гоҳо дар оғўши зулмот монда, гоҳи дигар аз дурахши шамшери барқ гўё дармегирифт; гоҳо аз наъраи раъд халосӣ ёфта, гоҳи дигар аз ғурриши даҳшатбори он меларзид.

пешина
аз 551
навбатӣ