Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аслан ин ҳама аз чӣ оғоз ёфт? Аз куҷо ба сараш фурў омаданд ин балоҳо? Барои чӣ кўдаквор фирефта шуд? Ба хотири кӣ?.. Рўзашро бадтар аз рўзи саг кунанд ҳам, чаро дар ватан, дар ин хоки муқаддас, ки замоне хуни нофаш чакидааст, ба таҳаммул намонд?
Чаро?..
Падари ў Азиз Матин яке аз бануфузтарин давлатмандони музофот буд. Бобову бобокалонаш низ одамони доро буданд. Аз рўзе ки ақлашро мешиносад, авлоди онҳо дар байни мардум иззату эътибор дошт. Ва ин мартабаву эътизоз ба зар такя мекарданд, ба пулу мол... Зиндагӣ хуш мегузашт.
Ба назари Усмон дунё пур аз шодиву тараб ва табиат босаховат метофт. Дар дашту даман рама-рама бузу гўсфандон мечариданд, ки ҳама ба коми раҳматӣ падараш буданд. Анбори онҳо аз ғалла-дона кафам мегуфт. Чандин дармондаву хизматгор, то аз паи коре ба сар даванд, маътали як ишора буданд. Дар гирду атрофи Нилу, балки дур аз он ҳам... таноб-таноб замин дошт падари Усмон. Ҷаву гандуми он заминҳо то бозорҳои Қаршиву Бухоро мерафтанд. Гўсфандони ҳисории Азиз Матин, дар куҷое ки ба савдо гузоранд, ҳамеша харидор меёфтанд. Боғи пур аз туту зардолу ва себу ангури онҳоро беҳтарин боғи Нилу мегуфтанд одамон. Аз чормағззори бавусъати поини ҳавлӣ соле даҳ-дувоздаҳ қанор гирдакон меғундоштанд. Дар таки соботи дароз ду-се аспи оташнаъл аксар вақт ба зину лаҷом қантар меистоданд, ки рафту филҳол лозим шаванд...
Эҳ, кадомашро гўяд?
Чӣ қабил меҳмонҳо меомаданд ба Нилу! Ҳатто аз худи Шаҳрисабзу Бухоро меомаданд. Бе гумон ба ҳурмати падараш, ба хотири Азиз Матин! Ва ҳафтае набуд, ки дар кунҷи ҳавлӣ як-ду гўсфандро сар назананд...
Хуллас, ки ҳамин тавр мегузашт зиндагии онҳо. Бе ғаму ташвиш, бе тарсу таҳлука, серу пур.
Баъд...
Инқилоб шуд баъд. Амир гурехту мамлакатро одамони фақиру бечора соҳибӣ карданд. Тирамоҳи ҳамон сол – соли бистум! – ба водии Гардон аскарони сурх омаданд, балшевикҳо омаданд; дар байнашон тоҷикон низ кам набуданд.

пешина
аз 551
навбатӣ