Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳуқуқи марду зан баробар мегуфтанд... Дар тани худашон либосҳои дарида, боз мегуфтанд, ки мо барои озодии мазлумон мубориза мебарем, акнун ҳеҷ кас ҳақ надорад каси дигарро мутеъ пиндорад, истисмор кунад... Аз бойҳо андоз меситонданд.
Лозим донанд, аспу улав, ҷаву беда ва хўрокворӣ ҳам мегирифтанд. Дошта бошанд, ба ивазаш пул медоданд, агар не, сарвари даста забонхат менавишт, ки аз фалон давлатманд ба эҳтиёҷи аскарони сурх фалон қадар улоғ, ҷаву беда ё чизи хўрданӣ гирифтам...
Усмон Азиз возеҳ дар хотир дорад – боре сарвари як дастаи хурд аз вай ду аспи саворӣ талабида, ба ивазаш даррав забонхат дод.
– Ман инро ба сарам мезанам?! – гуфта буд Усмон Азиз, ҳайрон шуда.
– Не-е, ба сарат задан шарт не, – дар лаб табассум, ҷавоб гардонд мубориз, ки ҷавонмарди тоҷик буд. – Эҳтиёт кун; ягон рўз ҳаққатро бозпас мегирӣ. Ҳукумати шўро то ҳол касеро фиреб надодааст, фиреб ҳам намедиҳад!
Бале, айнан ҳамин тавр гуфта буд он ҷанговари ба назар ғаюр, ки дар кулоҳи нўктезаш ситораи сурхи канабӣ метофт.
Баъд вай аспашро маҳмез зада – эҳтимол аз паи босмачиҳо пеш-пеши дастаи худ рў ба ҷануб овард.
«Ҳукумати шўро то ҳол касеро фиреб надодааст, фиреб ҳам намедиҳад!»
Ин сухани қатъии ҳамон муборизи ҷавон гаштаву баргашта дар зери гўшҳояш ба садо омада, Усмон Азиз раҳораҳ меандешид, ки шояд... шояд ҳукумати шўро ҳеҷ касро фиреб надода бошад. Лекин чӣ қадар хунрезӣ шуд, чӣ қадар одамон ба мисли вай беватан гардиданд. Чӣ қадарҳоро ту як махлуқи сарватманд, модоме сарват дорӣ, пас бе шубҳа дар фирқаи золимонӣ гуфта, таки по ва муттаҳам карда, имрўз ба Сибир фиристодаанд... Аҷаб, ки бой шудан ҳам гуноҳ будааст. Гўё худои карим тақдири ҳар касро аз рўзи азал муайян намуда, ўро мувофиқи ҳамон хости худ доро ё нодор, фармондеҳ ё фармонбар, зўр ё камзўр наофарида бошад.
Наход аз ин ҳама давуғеҷ ва гулўдарониҳои дабдабанок аҳмақ оқилу камбағал бадавлат шавад?

пешина
аз 551
навбатӣ