МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Сулаймон кушта шуд, ман ин хел овора. Намедонам, ки Ороста дар чӣ ҳол аст...
Хулоса, фалак айши моро талх кард; хорӣ мекашем, забунем... Подоши кадом гуноҳанд ин азобҳо?»
Ў дар бистуяксолагӣ зан гирифт.
Пас аз чил рўзи сур падараш ба вай аз чор тарафи дунё дуру дароз сўҳбат ороста, ниҳоят гуфт:
– Акнун, писарам, ҳама ташвиши хонадон ба зиммаи худат. Синни ман аз панҷоҳ гузашт. Мехоҳам, ки боқимонда умрамро ба тоату ибодат бахшида, дар ин миён… агар тавонам, мисли бобоят ба ҳаҷ равам... Дар бораи додарат Сулаймон нияти ман дигар аст. Худо хохад, тирамоҳ ўро ба ягон мадрасаи Бухоро хондан мефиристем. Зеҳнаш тез, бафаросат, пас бигузор хонад – мударрис шавад, қозӣ шавад, раис шавад... Хоҳаратро дар байни як-ду сол ба шавҳар баровардан лозим. Номзадаш ҷавони хуб, аз шохи одамони бадавлат, обрўманд... Қисса кўтоҳ, ту акнун сарвари оила, писарам. Ақлатро кор фармуда, нағзакак рўзгордорӣ кун. Ба мардум – чи хурданд, чи бузург... доим хушмуомила бош. Ба хизматгори дари хона, ба номаш чоряккор ё чўпон... бештар забон деҳ. Лекин танобашонро кашида ист, ки аз худ нараванд... Гапи ман тамом шуд. Аз имрўз эътиборан миёнатро аз ҳафт ҷояш маҳкам баста, ба кор шурўъ кун. Дар ягон масъала дармонӣ, зуд маслиҳат пурс. Ман дар барат...
Ҳамин тавр Усмон Азиз дар бистуяксолагӣ кулли ташвиши зиндагиро ба гардан ниҳод. Додараш хондан рафт, хоҳарашро пас аз ду сол ба шавҳар доданд. Баъд падараш зиёда аз як сол бедарак шуда, то ки бештар савоб гирад, пои пиёда аз тавофи Каъба баргашт. Обрўи вай акнун даҳчанд боло рафта буд. Мардуми музофот ўро ба эҳтиром ҳоҷӣ Азиз Матини нилуӣ мегуфтанд... Умуман рўзгори бофароғат доштанд онҳо; аз сарнавишти худ розӣ буданд.
Аммо ин дер давом накард. Чун тўфони ногаҳон якбора инқилоб омада, ба маҷрои таъини ҳаёт рахнаи марговар зад.
Оилаи Азиз Матин монанди хонаи занбўр, ки ба он чўб хастаанд, нобасомон гардид. Баъдтар яке аз паи дигаре фоҷиаву фалокатҳои зиёд рўй доданд.
Аз ҳама аламовараш – Сулаймон ҳалок шуд. Вай, ки сездаҳ сол боз дар Бухоро таҳсили илм мекард, тахмин пас аз ним моҳи инқилоб шабонгаҳ ба Нилу расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё