Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бале, ҳамин хел одам буд додараш!
Усмон Азиз ҳамроҳи ў рафтан мехост. Аммо падараш намонд. Ту ҳам хеста равӣ, мани мўйсафед дар ин хонадони акнун қариб бесарпаноҳ чӣ кор мекунам, аз дастам чӣ меояд гуфта, боз оби чашм рехт.
Ва Усмон Азиз, ҳарчанд дилаш кашол буд, нарафт. Кӣ медонад, агар равад, шояд он фоҷиа рух намедод. Шояд вай сина сипар карда, худаш мемурду додараш зинда мемонд; зан мегирифт, фарзанд меёфт, бад ё нек, дар ҳар сурат рўзи равщан медид...
Аз Сулаймон ду-се моҳ дарак набуд. Падару модар ғам мехўрданд. Усмон Азиз ва ягона хоҳараш низ орому қарор надоштанд. Сипас шуниданд, ки вай ба чанд ёру рафиқаш ба дастаи Салом-калта – ашаддитарин қўрбошии водии Гардон ҳамроҳ шудааст. Дар муддати беш аз як сол ў фақат се маротиба ба мушояати дўстони муҷоҳидаш дар зери пардаи шабонгаҳ ба Нилу омада рафт. Бо ҳамин Сулаймонро дигар надиданд.
Боре, ин дафъа низ дар ғояти шаб, ду нафар аз он рафиқон, ки бисёр мушавваш буданд, ба қавли худашон аз тарафҳои Деҳнав сарулибоси хунолуди ўро оварда, ба Усмон Азизу падараш супурданд. Ва гуфтанд, ки:
– Мулло Сулаймон шаҳид шуд. Ба иззату икром гўрондем... Иншооллоҳ, рост ба гулистони ҷаннат меравад. Шумо ғам нахўред...
Онҳо падару писарро дар саҳни ҳавлӣ, чун ду тани беҷон... ба дарду доғи синасўзи хеш танҳо монда, зуд баргаштанд. Ва бас... тамом – гўё Сулаймон дар рўи ин замини носерам ҳаргиз вуҷуд надошт; гўё вай то ҳол дар пеши назари Усмон Азиз гоҳ-гоҳ монанди як сурати ба дилу ҷон баробар намоён мешуду ниҳоят, ҷигари бародарашро ғарқоби хун карда, ба кабудии осмон даромехт; ё қатраборон гардида, ба хоки хомўш фурў рафт; ё ин ки тасодуфан ба кадом гиёҳи мағмум табдил ёфт...
Хабари нобуд шудани ў пас аз муддате падари кулфатгазидаро ба гўр бурд. Аз дунболи вай модараш ҳам вафот кард.

пешина
аз 551
навбатӣ