Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамон бегоҳе ки ҷасади сардашро оварданд, чӣ киёмат барпо гардида буд дар ҳавлии назарногири онҳо! Вай сар ба дару девор зада, рўю мўй меканд. Сабоҳату Анвар низ ба ҳоли ў нигариста, беихтиёр мегиристанд.
Хушдоманаш худро кўфта-кўфта, дар пеши тани беҷони Шермалик гаштаву баргашта аз ҳуш мерафт. Ва чашм кушода, боз садр мезад.
Ҳамин тавр шавҳараш ба чил ҳам надаромада, ногаҳон ба доми алоиқи аҷал гирифтор шуду Соро-хола дар сивупанҷсолагӣ бева монд.
Тахмин пас аз ду сол хушдоманаш низ вафот кард. Баъди ин вай ҳамроҳи фарзандонаш азобу азияти бисёр кашид.
То он даме ки як шаби тобистон Усмон Азиз ба аҳли оилааш аз деҳа баромада рафт, дар хонадони ў хизмат карда – нон мепухт, кўрпаву кўрпача медўхт, дегу табақ мешуст, об меовард, мева меғундошт, гуппӣ мезад... ҷояш ояд, оғил мерўфт, ҳезум мешикаст... – хулоса, дар хонадони ҳоҷӣ Азиз Матин бадтар аз каниз ранҷ кашида, худаш дуруст нахўраду напўшад ҳам, ба ҳар ҳол шиками фарзандонашро серу танашонро бутун медошт.
Сабоҳату Анвар оҳиста-оҳиста дар бари вай калон шуда, то метавонистанд, дасташро сабук мекарданд. Махсусан Анвар ба як зарра ҷонаш аз оби он ҳавлӣ даромада, аз алаваш мебаромад...
Баъд инқилоб шуда, дудмони ҳоҷӣ Азиз Матин бесаранҷом гардид. Лекин аз тарси ҳукумати шўро буд магар, Усмон Азиз ба онҳо бештар хизматона медод. Вақте ки Сабоҳатро ба шавҳар мебароварданд:
– Савоб мешавад. Падараш, раҳматӣ, чоряккори худамон буд, – гуфта, низ дасти саховат кушод.
Бо вуҷуди ин Анвар, ки соли ба шавҳар расидани Сабоҳат нав понздаҳро пур мекард, торафт он зотро бад медид.
Ва ба аскарони сурху якта-нимта одамони ҳукумат унс гирифта, тадриҷан аз хизмати Усмон Азиз даст кашид. Вай акнун ба язнаи камбағалаш Юнус, ки дар паноҳи инқилоб соҳиби барзагаву каме замини лалмӣ шуда буд, ёрмандӣ мекард.

пешина
аз 551
навбатӣ