МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Не-дия, не... Бачаҳои инзамона аз осмон ситора гирифтан мехоҳанд; ба ихтиёрашон монанд, худро ба сад теғу табар зада, ҳама пасту баланди дунёро дар як дам баробар карданианд... Хом аст Анвар, хом! Ҳоло дуруст шатта нахўрдааст; шатта хўрад, баъд мефаҳмад.
Соро-хола оҳ кашида, дер гоҳ ба шифти нимторик чашм дўхт. Сипас дар бистараш паҳлу гашта, ба тиреза нигарист.
Субҳ дамида, берун равшан мешуд. Ў наҷунбида, дар банди хаёлҳои мағшуш боз каме хобид. Баъд аз ҷой хеста, бистарро ғундошт; ба айвон баромада, дастурўй шуст. Аз ҷўи беруни дарвоза ду кўзаи калон об оварда, дар ошхона ба дег рехт. Бе шитоб дар таки он оташ монд ва гашта ба хона даромад, ки якта-нимта либоси писарашро гирифта, то метавонад, осуда шустушў кунад.
7 Анвару ёронаш ду деҳаи дигарро қафо гузошта, инак, қарибиҳои нисфи рўз, ба Дизак наздик мешуданд. Ҳама ҷо ором буд. Пас аз се-чор хамгашт дараи Оҳугузар васеъ гардида, деҳаи Дизак – сернуфустарин мавзеи соҳили Кофрун...
ба арчазори пуршукўҳи атрофу қалъачаи нимфатароти худ ва қуллаҳои сарсафеди кўҳи Манор, ки дуртар аз рўди сероб қад кашида, дар рўзҳои офтобӣ чашм мебарад, чун як манзили дилхоҳ ногаҳон пеш меояд. Зебо ва хушобу ҳавост Дизак. Одамонаш ҷасур, ростқавл, меҳмоннавоз...
Дар саросари дараи Оҳугузар нахустин шўрои ҷамоат тобистони соли бисту ду маҳз дар ҳамин деҳа ташкил ёфта буд. Ба он созмон ҳозира котиби райком Мирзовалӣ Амонов роҳбарӣ мекард. Ў аслан аз водӣ буда, дар вақташ, гирифтори чӣ гуноҳе, ба зиндони Бухоро меафтад. Ва соли бистум ба шарофати инқилоб аз он чоҳи аҷал берун омада, ҳамроҳи аскарони сурх ба зодгоҳаш бармегардад. Ҳукумати навро тарафдорӣ карда, ба корҳои вай мадад мерасонад. Дар як канори Дизак мактаб кушода, ба фарзанди камбағалон хату савод меомўзад. Баъдтар мардум ўро дар ҳамон ҷо раиси шўрои ҷамоат интихоб мекунанд.
Амонов он вақтҳо тахмин сисола буд. Обу оташро мемонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё