ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
БАҲОРИ УМР
Ёд дорам, ки вақти зодани ту
Ҳама хандон буданду ту гирён.
Ончунон зӣ, ки баъди мурдани ту
Ҳама гирён шаванду ту хандон.
Саъдии Шерозӣ
Хонандаи азиз, каме гўш деҳ ба ман,
Гўям ба ту ҳикояти машҳури Шарқро.
Бар аҳли фаҳму дониши ҷўяндагони фан
Ин ҳикмат аст чун дури шаҳвор пурбаҳо.
Афсўс, не ҳама ба ҷаҳонанд родмард,
Дуну ҳаромзодаву номард низ ҳаст.
Дар чашми зиндагӣ бинишинанд мисли гард,
Донистаанд маънии умр аз хўру нишаст.
Онҳо куҷою одамию қадри он куҷо?
Он шаклҳои бедилу беҳис чу автомат.
Танҳо ғизои меъда бувад баҳрашон ғизо,
Дигар на панду ҳикмату не лутфу марҳамат!
Ҳастанд боз зумраи дигар, ки корашон
Набват ба ҷуз разолату иғвою шўру шар.
Хоҳанд, то ба фитнаю ошўб дар ҷаҳон
Оранд сад ҷафову бало бар сари башар.
Номи накў куҷою чунин нокасон куҷо!
Ин зумра душманони ҳаётанд, бегумон!
Нафъи Ватан куҷою ғами одамон куҷо!
Хуллас, ки дар ҷаҳон худи марганд ин касон.
Хонандаи азиз, фақат аз барои ту
Ин панду ибратест, бигўям, ба ёд дор.
Мову ту ҳам кунем чунин бахт орзу,
Шояд, ки номи нек бимонад ба рўзгор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё