Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷавонӣ додаам, ки ту
Ҷавони ҷовидон шудӣ.
Миёни гулпарастҳо,
Ба шўҳра достон шудӣ.
Ту ҳусни зебу зиннатӣ,
Замину осмон шудӣ.
Ҷаҳони пири хастаро,
Ба ман ту рўҳу ҷон шудӣ.

Шудӣ чунин зи дасти ман,
Зи рўҳи бешикасти ман.

Нагуфта кўҳу зову ҷар,
Равон шудам ба роҳи ту,
Ҷудо нагашта як нафас
Нигоҳам аз нигоҳи ту.
Шудам ҳамеша ҳамраҳат
Ба базми боргоҳи ту.
Сурудаам таронаҳо
Ба васфи меҳру моҳи ту.

Ки ҳусни ту расо шавад,
Ба умр муттако шавад.

Ҳасад намебарам дигар
Ба дашту марғзорҳо,
Ба боғу роғу барзану
Ба ҷўши чашмасорҳо,
Ба ҷастухези ҷўйҳо,
Ба мавҷи обшорҳо,
Ба афту хези гулрухон,
Миёни лолазорҳо.

Чу умр беҳаял гузашт,
Дареғ, бебадал гузашт.
Ҳасад намебарам дигар,
Ки мисли ту ҷавон шавам,
Дурўза умр дидаву
Ба панҷаи хазон шавам,
Тамоми сол бедарак
Миёни дўстон шавам.
На ҳамқадам ба зиндагӣ,
На ҳамдами замон шавам.

Ман аз ту бовафотарам,
Ман аз ту бобақотарам.

Умедам ин ки омадӣ,
Бикун ба кулбаам гузар.
Ба чашмаҳои пурфанат
Ба рўи ман даме нигар,
Баҳори зиндагониям
Бидеҳ ту ҷилва дар назар,
Ки дода ё надодааст
Дарахти умри ман самар?

Маро зи ёди худ мабар!
Набошадам талаб дигар…

пешина
аз 163
навбатӣ