Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин ҷанбаи ашъори устод Боқӣ Раҳимзода ба хусус дар ғазалҳояшон дурахш ва ҷилои равшан дорад. Дар ин ғазалҳо ҳам риояи меъёрҳои суннатии классикӣ ва ҳам диду эҳсос ва баёни тозаи бозарофат ба назар мерасад. Масалан, ба ин ғазал таваҷҷўҳ кунед:

Фалакро баҳри лабханди ту таъмири дигар кардам,
Қамарро зери поят мегузорам, як табассум кун.
Табассум то ки дар гирди лабат маъво кунад умре,
Димор аз рўзгори ғам барорам, як табассум кун.

Дар ин ғазали зебову латиф рўҳи ҳамосии ғазалиёти шўрангези Ҳофиз, шукўҳ ва матонати сухани воло эҳсос мешавад ва дар айни ҳол ба сароҳат мушоҳида мешавад, ки ин сухани наву тоза, сухани шоири муосир аст, дар айни шукўҳмандӣ содаву дастраси умум аст, радифи он, ки ҷони ғазал аст, комилан тоза аст ва танзи зарифе ҳамроҳ дорад, ҷаҳони эҳсосот тоза аст. Танзи зариф, дўстона чошнии ҳамешагии сухани устод Боқӣ Раҳимзода аст, чунон ки дар ин байт:

Аз шавқи ҷамоли ту сурурест ба сина,
Кай бе ту равам сайри Самарқанду Бухоро?

Таркиби забону баён, мавҷи эҳсосот ва тафаккур дар ашъори устод Боқӣ Раҳимзода ҳамеша наву тоза аст. Таркиби оҳангӣ ва мусиқии шеъраш низ тозагӣ дорад. Таваҷҷўҳ кунед, дар замоне, ки ин ғазал суруда шудааст, чи қадар навоварона ва нобу тоза буд:

Баҳри аёдат омадӣ, зуд биё, дигар марав,
Хонаи туст бурҷи дил, чун каси раҳгузар марав...
Омадаӣ ба пои худ, олиҳаи шифои ман,
Гар биравӣ, маро бибар, бе касу ҳамсафар марав.

Дар айни ҳол унсу дилбастагӣ ва ошноии устод Боқӣ Раҳимзода бо руҳиёти адабиёти куҳан ба ҳадде қавист ва гоҳо дар ашъори эшон оҳангҳои риндона ва орифона тавре чеҳранамоӣ мекунад, ки барои адабиёти он рўзгор фавқулодда аст. Шоир гўё комилан дар муҳити маънавии Мавлоно қарор дорад:

Ёрон, ба майдони тараб хезед, то ҷавлон кунем,
Дар боғи маънӣ ҷилваҳо монанди товусон кунем.

пешина
аз 163
навбатӣ